Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Намедонам, хола Қалам ба Моҳистон чӣ гуфт, аммо вақте аз хонаи амма Мунис берун шудем, маро бағал карду бо оҳанги ранҷиш гуфт: «Чаро ба Қалам гуфтӣ, ки мо туро ағлаб танҳо мегузорем, бачаҳоро бар души ту бор кардаем, онҳо хоҳарони ту ҳастанд, ту духтари мани...
язнаат туро аз фарзандонаш кам намедонад, дўстат медорад, аз рафтанат бисёр нороҳат шуд». Фаҳмидам, ки аз таҷовуз хабар надорад.
Агар то он лаҳза умедворие ба пуштибонии хола Моҳистон доштам, аз он лаҳза ҳама барбод рафт, робитаи ману ў тағйир ёфт, аз самимияту алоқамандии қаблӣ чизе боқӣ намонд.
Дар он хона дигар ҳеҷ пайванде надоштам, ба ҷуз рози байни ману он фосид, ки аз ёд бурданаш дасти ман набуд.
Мутаассифона ин танҳо риштае набуд, ки моро бо ҳам пайваст мекард...
Чаҳор моҳ пас аз таҷовуз, тик-тики набзеро дар зери нофам эҳсос кардам, чизе шабеҳи заминро бо ангушт ҳафр кардан. Гурусна будам, хаёл кардам рўдаҳоям дар талаби ғизо такон мехўрданд, ба он ҷумбиш таваҷҷуҳ накардам.
Эй кош каме ақл медоштам ва мефаҳмидам ин чӣ аломатест! Вақте фаҳмидам, ки дигар кор аз кор гузашта буд.
Бача дар шикамам дил мезад.
Дар сахттарин даврони зиндагиам бо ин бори сангини бадбахтӣ таку танҳо мондам. Мегўянд, ҳар бунбаст роҳи хуруҷ дорад, аммо ин бунбаст бурунрафт надошт, магар дуд шудану рафтан ба осмон!
Гўшам ҳамеша ба суҳбатҳои телефонии хола бо беморонаш боз буд, ҳар машваратеро ў ба занҳои обистан медод, баръакси он амал мекардам. Соатҳо дар оби гарм менишастам, бори сангин мебардоштам ва аз шохи дарахт ба замин меҷаҳидам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё