Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Танҳо аз сукути чир-чиракҳо, ки бо шунидани ҳар садои ношинос лаб аз тарона мебанданд, мешуд ҳадс зад, ки инҷо поёни шаб ва омад-омади субҳ аст.
Найсон ба тарафи нур чархид, шиками бузургаш шабеҳи халтаи дўғ лаппиду ба паҳлўяш ғелид, бача зарбаи маҳкаме ба масонаи ў зад ва дафъатан ҳушёраш кард.
Мағзаш ба ҳолати корӣ баргашт ва аввалин чизе ба ёдаш омад ин буд, ки ў дигар модар надорад. Пардаи тирае рўйи қалби Найсон фурўд омад, чонааш аз алам ларзид, буғзи гулўяшро бо як оҳи амиқ фурў нишонд ва чашмонашро дубора баст.
Бордории ў бо нороҳатии ҷисмонӣ ва бедорхобии касалкунандае ҳамроҳ буд. Шаби дароз монанди шери дарёӣ бадани пуф кардаашро басахтӣ аз як тараф ба тарафи дигар мечархонд ва танҳо бо фурўд омадани шикамаш ба тахти хоб эҳсоси осоиш мекард. Чашмонашро ба умеди як тикка хоб мебаст, вале узвҳояш як-як аз бедории худ дарак медоданд, гурдаҳояш аз фишор, меъдааш аз «воқ-воқ»
ва рўдаҳояш аз лагадҳои бевақфаи тифли батнаш. Дилаш барои хоби роҳат танг шуда буд ва ҳар лаҳзаи хоб барояш неъмати бузург менамуд. Мехост мисли хирс ба лонае биғнавад, то касе натавонад пинакашро вайрон кунад.
Найсон ду суқути ҷанинро таҷруба кард ва ин аввалин бордорие буд, ки то моҳи ҳашт расид, аммо чӣ бордорие!
Тифли батнаш ором надошт, мудом такон мехўрд, бистучаҳор соат сар то сари шиками ўро тай мезад, гурдаву рўдаҳояшро лагадмол мекард, он қадр, ки гумон мекард тамоми узвҳои дохилаш тиккаву пора шудаанд.
Бордорӣ дар назараш ба андозае тўлонӣ менамуд, ки ў гўё солҳо боз ин бачаро дар шикам дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё