Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Аз моҳи аввали ҳомиладорӣ димоғаш бар соири аъзои баданаш ҳоким шуд, аз кўчактарин бўй ҳолашро ба ҳам мезад, иштиҳояшро мебаст, фишорашро поин меовард. Ошиқи чизҳое шуд, ки қаблан дўст намедошт, ба хўрокҳое тарҷеҳ дод, ки дар гузашта ба онҳо лаб намезад.
Аз шавҳараш мутанаффир шуд, аз ў бўйи баде ба димоғаш мерасид, истиғфоровар, шабеҳи бўйи гови нар дар тавилаи дарбаста. Чашми диданашро надошт, аз хонаи хоб берунаш андохт, ингор ўро ба зур шў доданд ва тоза аз бадбахтиаш огоҳ шуда буд.
Орзу дошт модари по бар лаби гўрро бо аввалин нава хушҳол кунад, аммо ҳайҳот, орзуяш ҷомаи амал напўшид. Акнун танҳо як хоҳиш дошт, ҳарчӣ зудтар ин бача ба дунё биёрад ва билохира аз заҷрҳои шабонарўзӣ раҳо шавад.
Ноумед аз хобу осоиш, чароғи канори тахти хобро барафрўхт.
Ором-ором чашмонашро боз карду утоқро шинохт, инҷо замоне хонаи хоби модараш буд. Оре, ёдаш омад, дишаб модарбузурги дамдамимиҷоз сад баҳона пеш овард то дар ин утоқ нахобад, зеро инҷо ҷасади келинашро шўста буданд. Найсон ноилоҷ тахти хобашро ба модарбузург дод. Ҳузури пиразан ўро нороҳат мекард, вале ба унвони меҳмон эҳтиромашро ба ҷо меовард, агарчӣ ўро як модарбузурги тақаллубӣ медонист, дўсташ намедошт, ҳамон тавр, ки модарбузург модари ўро чашми дидан надошт.
Найсон падарашро ба сахтӣ ёд меовард, ёздаҳсол дошт, ки ў аз хона рафту дигар барнагашт. Гоҳо тиккаҳое аз кўдакии шод мисли аксҳои як филми қадимӣ дар зеҳнаш бурўз мекард, дар он тасвирҳо падар ўро соатҳо дар пушташ мегардонд, барояш оҳанг мехонд, ҳамеша як оҳангро такрори ба такрор: «Ай шуълаи ҳазин, ай ишқи оташин, ай дарди вопасин».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё