Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин хоҳиш аз аъмоқи қалбаш бурўз кард ва мавҷи гармеро дар рагу пайвандҳояш ба ҷўш овард, вале лаҳзае баъд вуҷудашро эҳсоси ношӣ аз ноумедии амиқ фаро гирифт, башиддат аз ҷой бархост ва мисли он духтараки лоғар ба самте рафт, ки чашмонаш менигаристанд.
Ғуруб хаставу беҳол ба хона баргашт, ингор кўҳ талқон карда буд, сару танашро шуст, қаҳва омода кард ва рў ба панҷараи ошпазхона нишаст. Сараш пур аз афкори нохушоянду масмумкунанда буд, мисли зарфи ахлоти пушти бино, ки магасҳои сабзранги саргин дар он хона мекунанд ва тухм мегузоранд. Аз куҷое фикри Найсон ба сараш омад, ў ҳам бахше аз ҳамин афкори нохушоянд буд, бо ҳамон шиками бузург ва болопўши шабеҳи қабои Исои Масеҳ. «Шояд зоймон карда бошад, охир шикамаш хеле поин омада буд, ҳатман духтараки зебоеро ба дунё овард, бо холи бари рухсор, шабеҳи холи ман». Дасти Санам беихтиёр ба сўйи шикофи пушти дудкаши гоз дароз шуд...

Номае андар нома

Найсон дар гузори байни шабу субҳ, вақте шаб акнун дошт ба поён мерасид, вале субҳ шабеҳи арўси нознозӣ ҳанўз доманашро боло накарда буд, аз бонги хурўсҳои бармаҳал бедор шуд. Бедорие буд козиб, себи чашмонаш пушти пардаи бастаи пилкҳо чапу рост парса мезад, вале мағзаш ҳанўз бо дунёи атроф робита надошт. Танаш аз лобалои хобҳои амиқ коҳилона берун меомад ва раҳ ба раҳ эҳсоси афсурдагиву шикастагӣ мекард.
Ҳуҷра торик буд, нуре ба андозаи як ангушт, аз роғи борики пардаҳои баста нашт мекард, аммо ҳеҷ сарнахе намедод, ки инҷо куҷост ва соат чанд аст. Ҳуҷра бўйи ношинос медод, шабеҳи бўйи гашнизи хушк ва марҳами зидди дарди мафосил.

пешина
аз 313
навбатӣ