Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Дарсатро бихон, диплом бигир... Умре дар пеш дорӣ, шавҳар ҷое намегурезад!
Духтарак аз ҷой бархосту бе он ки ба модараш нигоҳ кунад, ба самти идораи пост қадам бардошт. Орому беҳис роҳ мерафт, аз фарти ноумедӣ, ингор барояш муҳим набуд ба куҷо меравад.
Зан хиҷолатмандона ба атроф нигоҳ кард, ў акнун мутаваҷҷеҳи ҳузури Санам шуд ва бечораҳолона лабханд зад.
– Пир аз мурданаш метарсонаду ҷавон аз рафтанаш...
Бо фарзандҳои ин давру замон гап зада намешавад, – гуфту ба думболи духтараш давид.
Он қадар зуд рафт, ки Санам ҳатто фурсат надошт ба нишони ҳамдилӣ бо ў лабханд бизанад, ё саре такон бидиҳад. Духтарак қадамҳои модарашро пушти сар эҳсос карду тундтар роҳ рафт. Модар илоҷе надошт, давиду пеши роҳашро гирифт, зуд-зуд чизе ба гуфт, духтар истод, сураташ дида намешуд, аммо ҳайкалаш тавре буд, ки гўё ба ҳарфҳои модар шак мекард.
Санам ба худ гуфт: «Ҳатман модар қавл дод, ки ҳама дору надорашро мефурўшад ва пули ороишгоҳро омода мекунад!»
Зани ҷавон ашкҳои духтаракро бо гўшаи рўсариаш пок кард, ҳарду то бинои идораи пост расиданд ва аз онҷо ба тарафи рост чархиданд, шонаҳояшон соф ва қадамҳояшон устувор буд, ингор барои сахттарин мушкили зиндагӣ роҳи ҳал пайдо карда буданд.
Санам ногаҳон ба он зан ҳасодат кард, дилаш хост духтаре дошта бошад, шабеҳи ҳамин арўсаки лоғар ва шаффоф, мисли шабнами саҳаргоҳӣ, бигзор дамдамимиҷоз бошад, тиллову танга бихоҳад, қаҳр кунад, ноз кунад, бигзор барои ороиш гаронтарин салунро бихоҳад, ҳарчи дилаш бихоҳад, аммо мавҷуд бошад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё