Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Ашк дар чашмони духтарак чарх мезад, чонааш аз алам меларзид, чеҳрааш он қадр ғам дошт, ки ингор тамоми бадбахтиҳои дунё ба сараш фурў рафта буд.
– Чи қадар мехоҳанд?
Духтарак музтарибона паҳлўи модар нишаст. Ҳушу ёдаш сари ҷояш набуд, гўё суолро нашунид. Модар сабрашро аз даст дод.
– Чанд пул мехоҳанд!?
– Ҳаштсад доллар.
– Барои ороишу сару либос?
– Оре.
– Арзон намекунанд?
– Ду ҳазор сомонӣ кам карданд.
– Воҳ, ҳазор доллар буд?
…
– Хеле гарон аст, бояд ягон ҷойи дигар пайдо кунем.
Духтар ахм кард, ду қатра ашки бузург аз чашмони зебояш сарозер шуд. Сурати дилкаш дошту андомҳои нозук, ба зебоии як қатра шабнами саҳаргоҳӣ. Ҳатто гиря ба ў мезебид, қиёфаашро ҷаззобтар мекард. Шонздаҳ-ҳабдаҳсола ба назар меомад.
– Ман ин ҷоро мехоҳам».
Зан хашмгин шуд.
– Агар ин ҷоро мехоҳӣ гўширо бардору ба домод бигў биёяду пули ороишатро бидиҳад, дар ҳама ҷо пули либосу ороиши арўсро домод медиҳад!
– Пул надорад.
Пўсти сурати зан арғувонитар шуд, лабонаш аз асабоният ларзиданд, гўё мехост дар ин хиёбон бо тамоми овоз фарёд бизанад.
– Пул надорад??? Пул надорад, чаро издивоҷ мекунад?
Ту куҷо шитоб дорӣ? «Нодидаҳо дар армон, дидагиҳо пушаймон!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё