Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин ҳарфҳоро марде мегуфт, ки чашмҳои фурўрафта ва бинии уқобӣ дошт, ахмкардаву норозӣ ба назар меомад, гўё қарор буд мурдаи ў пешнамоз нашавад. Гоҳ роҳ мерафту гоҳе меистод, ингор ҳарфҳояш барои ибрози норозигӣ кофӣ набуд, ки дастҳояшро башиддат такон медод.
Дар тан ҷелаки рах-рахи обшуста дошт ва дар сар арақчине, ки бар асари истифодаи мукаррар аз шакл афтода буд ва мисли чалпак рўйи сари бемўяш мехобид. Чеҳрааш ба зан шинос намуд, аммо на исмашро ёд дошт ва на наметавонист ба хотир биоварад, ки ўро кай ва дар куҷо дидааст.
– Писарашро интизоранд, аз хориҷа меомадаст...
Овози марди дувум ҳам ба гўши зан ошно садо дод, ўро ҳам мисле ки дар гузашта борҳо дида буд. Қомати баланд, чеҳраи лоғари офтобхўрда, бинии гўштии паҳн ва чашмони беқарор дошт, ба ҳарфи ҳамсуҳбаташ гўш медод, вале нигоҳаш дар атроф парса мезад. Зан ин ду мардро бо чашмони рез думбол кард, чинҳое дар пешонии ҳамвораш зоҳир шуданд. «Инҳо кӣ буданд?» –пурсид аз худ, агарчи медонист, ки ҳоло ба ин суол посухе надорад. Ҳофизааш дар тўли солҳо, ҳамон тавр ки як бачаи мактабхон баҳои бадро аз рўзномааш бо хатпок мезудояд, бисёр чеҳраҳоро амдан аз зеҳнаш пок карда буд.
Бодзанеро аз киф берун оварду дар такяи тири барқ чеҳраи арақолудашро шамол дод. Аз он ду марди раҳгузар фаҳмид, ки аҷалае даркор нест, мурдаро баъди соати чаҳор ба хок мусупоранд, аммо дар ин ҳавои буғранҷ наметавонист дуру дароз давом биёварад.
Офтоб панҷаҳои тафсонашро бераҳмона ба синаи замин фурў мекард, донаҳои арақ аз шақиқа ба гардан ва аз байни шонаҳои зан ба камараш сарозер мешуд, нафасаш аз гармо банд меомад. Аз қазо, насиме ҳам намевазид, дарахтони куҳансоли хоколуд дар фарози хонаҳои қадимӣ сар ба сукут рафта буданд, ё беҳтар аст бигўям, ҳеҷ нишоне аз зиндагӣ надоштанд.

пешина
аз 313
навбатӣ