Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Ў то ҳол ҳаргиз либоси мотам напўшида буд ва намедонист гўшаҳои рўсариро пушти гардан бубандад ё рўйи синаҳояш паҳн кунад.
Ў ҷавону қоматбаланд ва хушандом буд, на чоқу на лоғар, аз он хайли занҳое, ки ҳатто агар ҷуволро ҳам ба тан кунанд, зебо ба назар мерасанд.
Чашмони бодомии кашида дошту гунаҳои баланд, лабҳои пурра, бинии зебо ва чонаи нозук, холи сиёҳи бари рухсораш назари бинандаро ба худ мекашид ва ба ў ҷаззобияти вежа мебахшид...
Рафтуойи мардумро ба он хона аз пушти ҳамон сутуни барқ назора мекард, вале чеҳрааш осоре аз ғаму андўҳ надошт.
Ин саҳар, вақте шолу болопўши сиёҳро аз комоди ҷевони олуда ба «бўйи пирӣ» берун меовард, гумон намекард, ки бозгашт ба ин кўчаи танг барояш ин қадар сахт бошад, аммо ҳоло тардид дошт.
Намехост ба танҳоӣ таҳти «заррабин»-и нигоҳи мардҳои шиносу ношинос ба он хона ворид шавад, гурўҳи навбатии занҳои таъзиягарро интизор шуд, то ноаён ба онҳо бипайвандад. Ин дам аз мотамхона ду марди ҷелакпўш берун омад, онҳо бо гомҳои устувор ба самти тири барқ ҳаракат мекарданд. Шонаҳояшон боз ва пуштҳояшон соф буд, ҷисмашон бар хилофи риши дарози хокистарӣ ҷавону бардам ба назар меомад, дуруст, шабеҳи бозигарони ҷавони театр, ки нақши солмандонро меофаранд. Аз локиҳои даври гарданашон бармеомад, ки ба масҷиди кўчаи ҳамсоя шитоб доранд. Зан чеҳраи онҳоро дид ва порае аз суҳбаташонро шунид.
– Майитро бояд маътал намекарданд, рўзи ҷумъаи саид пешнамоз мешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё