Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳолаи марг фазои ин хиёбони борику фарсударо, ки борону сел бо ҳафри як ҷўяи борик онро ба ду қисмат ҷудо карда буд, бо бўйи нестиву фано, бўйи гўристон, пур мекард.
Мардум гурўҳ-гурўҳ ба хонаи мотамдор мерафтанд, гўё метарсиданд танҳо бираванд. Шояд ба ин далел, ки марг ягона фароянди ғайри қобили инкор аст ва ин воқеият дар мурдахона бештар эҳсос мешавад. Аз сарҳои хамидаи мардони солманди рўйи нимкатҳо ва занҳои сиёҳпўш, ки беҷуръатона ба сўйи хонаи марҳум гом мебардоштанд, ҳадс задан душвор набуд, ки онҳо ба чӣ меандешанд. Танҳо зани пушти сутуни барқ худро аз ин ҳамгироӣ берун мекашид. Ў ду тугмаи аввали болопўши барои ин ҳавойи гарм носозгорро бо асабоният боз кард ва нафаси амиқ кашид.
Ин дам нигоҳаш ба пиразане афтод, ки дар такяи як духтараки наврас, бо гомҳои кашида, шабеҳи қоиқи коғазӣ дар ҷўйи камоб, дакка мехўрду ба сўйи дарвозаи мурдахона шино мекард. Сару рўяшро мисли мардҳои бодиянишин бо шоли сиёҳу сафеди шатранҷӣ печида буд, чеҳрааш дида намешуд, аммо ҳайкалаш ба назари зан ошно намуд.
«Хола Қалам бошад?»- ў бо диққат ба он ду нафар нигоҳ кард.
«Оре, худаш аст!»
Бедиранг худро ба он ду нафар расонд ва аз бозўи пиразан гирифту по ба пойи ў ба сўйи мотамхона гом бардошт. Дар он бозў танҳо як устухони борик ва пўсти овезонро ламс карду нигоҳи кўтоҳе ба пиразан андохт, ба хола Қалам будани ў машкук шуд, оё ин ҳамон холае буд, ки ў солҳо мешинохт? Пиразан ҳам-хам роҳ мерафт, қадаш аз ончи зан дар ёд дошт, кўтоҳтар шуда буд, шабеҳи хонаҳои ҳамин кўчаи қадимӣ, ки бо гузашти замон ба таҳдоби худ фурў нишастаанд.

пешина
аз 313
навбатӣ