Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба ў гуфтам:
«Агар аз ман хушат меояд, аҷала кун, вагарна аз даст меравам». Намедонам чаро ин корро кардам... Он ҷавон модаре дошт қайсару ҷангҷў ва ба интихоби писараш мухолиф, дуои баде карду худро аз тўю издивоҷ канор кашид.
Маъракаро холааш сару сомон дод. Мо ҳамон тобистон издивоҷ кардем ва ба ҳамсоягии шумо, ба манзили дер боз холии модарбузурги худобиомурзам кўчидем. Ту он замон як сол дошти ва ағлаб бо ман буди, акнун забонат боз мешуд ва ширину дилнишин «чаҳ-чаҳ» мезади, мисли булбул. Мехостам ту ҳарф бизанӣ ва ман гўш фаро бидиҳам! Вақт мегузашту бордор намешудам, вале нигарон ҳам набудам, чун туро доштам. Ормонҳои модариамро дар ту мешикастам, эҳсосеро, ки ба ту доштам, дар ҳеҷ фарзандам таҷруба накардам. Ту дигар буди... Шояд ҳамин ишқу алоқамандӣ буд, ки саранҷом, баъди чаҳор сол бача ба дунё овардам. Ман ин хушбахтиро аз баракати ту медонистам ва бештар дўстат доштам. Он қадар ки духтаракам Найсон бо ҳамон холи бари рухсор ва чашмони кашидаи бодомӣ нусхаи ту ба дунё омад».
Санам то инҷо расиду номаро башиддат канор гузошт, хола чанд саҳифаро бо хотираҳои гузаштаи дур ва аксҳои муносиб ба он ёддоштҳо пур карда буд, аммо аз мавзуи аслӣ амдан канор мерафт. Аз рафтори ў тааҷҷуб накард, ҳамеша ҳамин тавр буд, аз мушкилот ҳарос дошт, ларзааш мегирифт ва сарашро мисли кабк дар барф фурў мекард.
Ў номаро бо кароҳат ба сабади коғазҳои ботил андохт.
Хона дар назараш танг ва нафас дар синааш ҳабс мешуд.
Пероҳани сабукеро аз ҷевон бардошту кафшҳои бепошна пўшид ва бо аҷала худро аз хона ба хиёбон зад. Ба маҳзи берун шудан аз иморат нафаси амиқ кашид, аммо гўё як мушт ғуборро танаффус кард.

пешина
аз 313
навбатӣ