Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Салом, ман Шаҳбозам, писарат... Не, намешавад! Эҳтимол дубора ба ёди он таҷовуз меафтад ва бо танаффур аз ман рўй метобад!»
Ў чанд қадам дуртар аз хонаи Санам дар ҳошияи ҷода қарор гирифт ва ба панҷараи бози ошёнаи дувум хира шуд. Насим бо пардаи шаффофи панҷара бозӣ мекард, онро гоҳо ба берун тела медод гоҳ ба дохил мекашид, чизи хосе набуд, аммо изтироби Шаҳбозро тадриҷан коҳиш медод ва дар ў як ҳисси хушоянд эҷод мекард, аз он хона як ҳолаи дилпазиру оромибахш берун меомад.
Ногаҳон мутаваҷҷеҳ шуд, ки ў дар инҷо танҳо нест.
Ду қадам дуртар пирамарди болобаландеро дид, ки дар такяи асои шабеҳи чўбдасти қаландарон сар ба сукут рафта буд. Дар тан либоси тозаву тамиз дошт, дар сар тоқии оҳараш нашкаста ва дар пой кафшҳои мураттаб.
Шаҳбоз муддатеро дар он макон сипарӣ кард, то ки офтоби тобистон як қад баланд шуду нурҳояшро ба қалби замин фурў кард. Инҷо истоданаш беҳуда буд, тасмим гирифт ба ҳамон боғи дирўза баргардад, дар сояи дарахтон бар вазъияти худ дурустар биандешад ва хоҳишҳояшро бо тавоноиҳояш ҳамоҳанг кунад.
Дар ин андеша буд, ки панҷараи ошёнаи дувум баста шуд, лаҳзае баъд як зани болобаланди хушлибос аз дари бино берун омад, дар даст як халтаи селлофанӣ дошт, ў бо лабханди зебое мустақим ба назди пирамард меомад.
Аз рўйи қаду баст нусхаи Моҳистон буд, нусхаи Найсон!
Қалби Шаҳбоз аз изтироб такон хўрд, ў сареъ пушт ба он зан кард ва танҳо замоне ба ақиб баргашт, ки садои пошнаҳои ў акнун аз дур шунида мешуд. Ҳарисона ба думболаш нигоҳ кард ва сипас рў ба он пирамард овард.
– Мебахшед амак, зане, ки ҳамин ҳоло ба шумо салом дод кист?

пешина
аз 313
навбатӣ