Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Эҳ писар, ман дар ин дунё он қадар одам дидаам, ки чашмонам мисли рентген шуданд, хубро аз бад дар як нигоҳ фарқ мекунам, ту сурати худро дар ойина дидаӣ? Ба одамони мисли ту мегўянд: «даруну берунаш» якест, модарат туро шоиста ва хушахлоқ тарбия кардааст.
Тавсифи пирамард малҳаме буд ба ғурури шикастаи Шаҳбоз. Агарчи ў дар ҳодисоти солҳо пеш тақсире надошт, аммо эҳсоси гуноҳ мекард ва аз вуҷуди худ хиҷолат мекашид.
Пирамард аз ў тавре муроқибат мекард, ки гўё фарзанди худаш бошад, маскаро дар нони гарм мемолиду пеши ў мегузошт, тухмро барояш пўст меканд ва маҷбур мекард, ки чойро бо асалу лиму нўши ҷон кунад. Шаҳбоз то дирўз аз вуҷуди ин пирамард хабар надошт, аммо ин субҳ вақте барои худоҳофизӣ ба сўяш оғўш боз кард, эҳсосе дошт, ки ўро солҳо боз мешиносад. Пирамард шонаҳои Шаҳбозро навозиш кард ва бо лабханд гуфт:
– Дари ин хона ҳамеша ба рўйи ту боз аст писар, ҳар вақт хостӣ биё, хушҳол мешавам, вагарна аз танҳоӣ ғаризаи ҳарфзаданро фаромўш мекунам.
Шаҳбоз аз хонаи пирамард берун шуду чашмаш ба лавҳаи рўйи дар афтод, хиёбони Рўдакӣ 10А, аз рўйи паёмаки Найсон хонаи Санам низ дар ҳамин хиёбон, панҷоҳ хона болотар ҷойгир аст. Рў ба самти афзоиши ададҳо рафт. Ҳаво салқин буду хиёбон камодам, танҳо як тўда занҳои роҳрўб рўйи сабза суфра боз карда буданд ва бо иштиҳо чою нон мехўрданд. Шаҳбоз иморати заруриро хеле зуд пайдо кард, хонаи чаҳорошёнаи хиштӣ, дар канори ҷодаи пиёдагард, ки ду панҷараи мобайниаш ба самти хиёбон боз мешуд. Сардие дар сутуни фақароташ мавҷ зад. То инҷо расид, аммо намедонист баъдаш чи кор кунад. Муддате даври хона чархид, бо худ гуфт: «Пушти дараш ҳозир шаваму чӣ бигўям?

пешина
аз 313
навбатӣ