Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Соати телефон 12:10-ро нишон медод. Найсон эҳтимол хоб буд, рўзи ҷадиде дошт шурўъ мешуд...
Шаҳбоз саҳар аз навозиши насими форам ва садои ҷик-ҷики паррандагон, ки аз панҷараи боз ба утоқ ворид мешуд, чашм боз кард. Агарчи офтоб ҳанўз тулўъ накарда буд, аммо атроф мисли рўз равшан менамуд. Рўйи миз шалвору пероҳани утушудаи худро дид ва телефони мобили пирамардро, аз меҳрубонии пирамард хиҷолат кашид. Найсон барояш паём фиристода буд.
«Азизам, додари ба ҷон баробарам, мехоҳам бидонӣ, ту барои ман ҳамон Шаҳбозе ҳастӣ, ки дар домани кўчакам бузург шудӣ, ҳамон додараки азизам, ҳамоне, ки ҳамеша будӣ, ҳеҷ чизе байни ману ту дигар намешавад, чун ҷойи ту дар қалби ман, дар дидагони ман аст. Зудтар баргард, нагзор дилвопасат шавам. Дўстат медорам, аз ҷонам бештар!»
Найсон дар он паймак суроға, шумораи телефон ва нишонаҳои хонаи Санамро навишта буд.
Шаҳбоз либосҳояшро пўшиду ба ҳавелӣ баромад, пирамард дар атрофи миз ҷумбуҷул мекард ва аз он суфра бўйи хуше ба атроф паҳн мешуд. Ў акнун эҳсоси гуруснагӣ кард, дасту рўяшро дар лўлаи оби канори чаман шуст.
Пирамард як суфраи шоҳона омода карда буд, бо тухми бирён, маскаву мураббо ва қаҳваи хушмазза.
– Биё бишин писар, чӣ ҳол дорӣ, дар ҷои ношинос хобат бурд?
– Олӣ буд, намедонам бо чи забоне сипосгузорӣ кунам, Шумо инсони фавқулоддае ҳастед, як фарди ношиносро аз хиёбон бардоштеду бо худ ба хона овардед, сарпаноҳ додед. Шояд ин коратон бехатар набошад.
Пирамард лабханд зад.

пешина
аз 313
навбатӣ