Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
– Бояд ҳақиқатро ба ман мегуфт...
– Агар нагуфтаст танҳо ба ин далел, ки намехост ба ту осебе бирасад. Гоҳи авқот беҳтар аст ҳақиқатро надонӣ, зиндагӣ осонтар мегузарад.
Дар тўли рўз аввалин бор чеҳраи Моҳистон пеши назари Шаҳбоз омад, овози нарми ў дар гўшаш садо дод, меҳрубониҳояшро ба ёд овард, фидокориҳояшро, «Шоҳ»
садо карданҳояшро. Дар маризиҳояш бо ў мариз мешуд, дар шодиҳояш барояш мерақсид, аз синфи аввал то хатми мадраса ингор бо ў дубора мактабро «хатм» кард... Ўро аз ҳама боло мегузошт, ҳатто аз худаш. Дилаш каме нарм шуд.
– Раҳгум задам амак, намедонам чӣ кор кунам…
– Зиндагӣ ҳамин аст писар, гоҳи авқот чархишҳои тарснок дорад ва ҳастии моро дар як лаҳза зеру рў мекунад, аммо бояд ин зарбаҳоро сабурона таҳаммул кард, ба хубиҳо арҷ гузошт ва бахшиши бадиҳоро ба Ҳазрати Ҳақ супурд.
Шаҳбоз пурсишомез ба пирамард нигоҳ кард.
– Агар ҷойи ту мебудам, сараввал модари биологиамро пайдо мекардам, чун ин достон, агар як қурбонии воқеӣ дорад, ҳамон зан аст... Ва ҳамроҳи ў мерафтам ба сари гўри модари дигарам ва гуноҳонашро афв мекардам».
– Аз куҷо маълум аст, ки он зан маро мепазирад?
Вуҷудам ҳатто аз эҳтимоли рў ба рў шудан бо ў ба ларза меояд.
– Нигарон набош писар, модар силаи раҳм аст, фарзандашро пас аз сад сол ҳам мешиносаду мепазирад. Хоҳаронатро низ беш аз ин дилвопас накун, онҳо низ мисли ту шокӣ шудаанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо