Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ҳар ончи дар нома навишта шудааст...
– Дақиқтар?
– Намедонам... чи бигўям, гиҷ шудаам... зане, ки то ҳол фикр мекардам модари ман аст, ўро мепарастидам, ба ў имон доштам, маълум шуд, ки ин ҳама сол маро гул мезадаст... Фарз кардем, дурўғашро пазируфтам, аммо чигуна бо воқеияти таваллудам канор биёям?
Гўшаи лабони Шаҳбоз аз фарти буғз поин омад, ашк дар ҳавзи чашмонаш такон хўрду бо як мижа задан ба сураташ сарозер шуд. Пирамард вонамуд кард, ки ашкҳои ўро намебинад, ў чуткаи борикеро аз ҷаъбаи сигор берун оварда ва бо сари хам «мундштук»-ро тамиз мекард.
– Агар аз ман шунидан хоҳӣ дар ин қисса на зане, ки туро бузург кард муқассир аст ва на оне ки туро ба дунё овард.
– Пас гунаҳкор манам?
– Ҳмм... номаро то охир нахондаӣ.
– Ҳар он чиро ки лозим буд бидонам, медонам...
– Аз модарат наранҷ, маҳкум карданаш беинсофӣ аст.
Тасаввур мекунӣ, чӣ мешуд, агар туро ба ятимхона месупурд, ҳоло куҷо мебудӣ?
– Ҳарҷое будам, дар вазъияти беҳтар аз ин мебудам.
– Иштибоҳ мекунӣ ҷавон, ту аз воқеиятҳои зиндагӣ чизе намедонӣ, чун мисли як парвона дар дохили абрешим бузург шудӣ. Ман панҷоҳ сол пизишки атфол будам, аз ин панҷоҳ сол, сӣ сол дар ятимхонаҳо кор кардам. Бадбахтиву хории ятимиро ман медонам, ту ҳатто наметавонӣ тасаввур кунӣ! Ятим кўдакест нодаркор, ноумед, осебпазир, беэътимод ба одамони атроф, бе оянда. Дар ҳасрати навозиш, дар орзуи як ҳарфи хуб... сарашро касе навозиш намекунад, дар беморӣ касе сари болинаш наменишинад, барояш лолоӣ намехонад, ҳарфи дилашро намешунавад, ў ба ҷуз худаш такягоҳе надорад ва ҳар рўзаш бо ин умед мегузарад, ки шояд хонаводае ўро ба фарзандӣ бипазирад.

пешина
аз 313
навбатӣ