Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Боварам намеомад, ки дорам роҳат ин ҳама қонунҳои тиббиву инсониро зери по мегузорам, худамро намешинохтам, гўё ин ман набудам. Корди ҷарроҳиро ба даст гирифтаму дарунам мисли дор ларзид, аз хашм, аз ҳайрат, аз шакку тардид, аз ноумедӣ, аз тўҳмати ноодилона ба шавҳарам ва аз хиёнати ту... Аз ин ҳама моту мабҳут будам! Охир чи тавр мумкин аст, ки духтари ман, нозпарвари ман, пушти сарам ин ҳам моҷаро доштааст, зери пойи кадом нархаре хобидаст ва мани кўр бехабар!? Чашмам аз хашм барқ зад ва... корди ҷарроҳӣ кўр-кўрона дар шиками ту фурў рафт.
Бачаро берун овардам, садо дарнадод, ранги пўсташ мисли олў кабуд ва ноф дар гарданаш печида буд, ҳадс задам, ки ҷон дар бадан надорад. Намехостам ба рўяш нигоҳ кунам, гўё на кўдак, балки маслухеро аз шикамат берун овардам. Бачадони порашуда илоҷи дўхтан надошт, онро аз шикамат берун овардам, аммо ба сатили ахлот наандохтам, як ҳиссе ба ман мегуфт, ки онро ҳифз кунам. Агар ҳифз намекардам, эҳтимол солҳои умрам дар зиндон сипарӣ мешуд. Инҳоро менависам то бидонӣ, ки он лаҳза чи ҳолеро таҷруба мекардам. Дар бисёр маворид барои зинда мондани тифл ҳаддиақал як шонс вуҷуд дорад, хушҳол будам, ки ин шонс насиби бачаи ту нашуд.
Кўдакро ба Садаф додаму гуфтам: «ҳоло бояд шиками ин духтаро бахия бизанам ва ба таҳхона интиқол бидиҳам, кўдакро дертар дар ягон гўристони наздик ба хок месупорем, барои ин кор одам дорам». Аммо вақте доштам охирин бахияҳоро медўхтам, ногоҳ бачаат гиря кард... Пилки чашмонат такон хўрд, таъсири наркоз тадриҷан рафъ мешуд, миқдори доруйи мадҳушкунандаро афзоиш додам, то дуру дароз бихобӣ ва дар торикии шаб аз бемористон ихроҷ шавем. Ҳомидро ба дохил хондам ва ҳарду туро ба таҳхона интиқол додем...

пешина
аз 313
навбатӣ