Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ногаҳон аз ҷода канор рафт ва дурудароз дар бехи дарахти санавбар пешоб кард, сипас, занҷири шалворашро басту ҳуштаккашон ба роҳаш идома дод. Санам зани бисёр боназокату хушрафтор аст, беодобии атрофиёнро басахтӣ таҳаммул мекунад. Аммо имшаб ба он мард сахтгирӣ накард, гуфт: – «эҳтимол чорае дигаре надошт».
Имшаб – «шаби меъроҷ»-и Санам буд ва ҳеҷ зиштие наметавонист рўҳи болидаи ўро халалдор кунад.
Номаро дубора ба даст гирифту сафҳаи аз бозхониҳои мукаррар ғиҷимшударо боз кард. Ҳар ҷумларо ҳиҷо ба ҳиҷо мехонд, гўё ба ончи то ҳол хонда буд, тардид дошт.
«...Он шабу рўз моҳи панҷуми бордориамро пушти сар мекардам, аммо ту он қадар ғарқи бадбахтиҳои худ будӣ, ки ҳатто мутаваҷҷеҳ нашудӣ. Ман ҳамзамон аз ду зарбаи маҳкам такон хўрдам, аввал аз дидани шиками дамидаи ту, дувум аз иттиҳоме, ки ба шавҳари ман пеш гузоштӣ.
Намедонам кадоме аз ин заработ бештар таъсиргузор буд, ки ман мисли девонаҳо шудам. Ёд надорам чигуна ба думболат давидам ва туро аз он баландӣ ба зер парт кардам.
Танҳо дидам, ки дар замин мехобидӣ ва хун аз баданат берун мешуд.
Бемористон ба сохтмони нав кўч баста буд, бинои қадимӣ ба унвони анбори таҷҳизоти пизишкӣ истифода мешуд, вале толори зоймон ҳанўз корбаст буд. Ба парастор дастур додам, ки ҳамон утоқро омода кунад. Садаф аз зердастонам буд, як духтари боҳўш, ки вазъиятро аз садои ҳамсуҳбат ташхис медод, фузул набуд, суоли нозарур намедод. Аз тамос бо омбуланс худдорӣ кардам, маҷбур аз Ҳомид кўмак хостам, аз бародари ҳамсарам, аз шахсе, ки ба истилоҳ сояаашро дар девор бо тир мезадам. Марде буд густох, бевиҷдон, бисёр нохушоянд, баднамуд ва бадгуфтор, аммо дигар илоҷ надоштам...

пешина
аз 313
навбатӣ