Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Дар тамоми ин муддат боре ҳам ба остонаи кўчаи танги даврони бачагиам пой нагузоштам, ҳамеша хиёбони мошингардро давр мезадам, то чашмам ба он тангкўча наафтад. Ва ҳеҷ гоҳ хоҳише дар ман бурўз накард, ки аз сарнавишти холаву хонаводааш чизе бидонам. Бо амма Мунис ва аммабачаҳоям дертар робита барқарор кардам, замоне, ки бузургу мустақил шудам ва ба ҷуз ниёз ба хешу табору инсонҳои ҳамхун дигар мушкиле надоштам. Хоҳарам Шабнам бо хонаводааш дар Олмон зиндагӣ мекунад, ду духтари хушгил дорад, соли гузашта ба диданам омад.
Амдан аз модарам напурсидам, хоҳарам худаш сари суҳбатро боз кард. Тавре фаҳмидам, модарам аз издивоҷ бо як марди турк дугоникҳои понздаҳсола дорад. Шабнам бо муҳаббат аз модару нопадариаш ва дугоникҳои онҳо ёдоварӣ мекард, аммо ман на нисбат ба модарам эҳсосе доштам, на ба фарзандони ҷадидаш. Дар ин солҳо ҳатто хату холи модарам аз ҳофизаам зудуда шуд. Хостам аз Шабнам бипурсам, ки чаро модарам ин ҳама сол боре аз ман суроғ накард, аммо баъд назарам иваз шуд, бигзор ҳама чиз ҳамон тавр ки ҳаст, бимонад».
Санам аз панҷара ба берун нигоҳ кард, шаҳр дар ҳарири ранги бунафши чароғҳои хиёбонӣ хоби роҳате дошт, мошини обпош хиёбонро нам мекард ва дамои замини доғро фурў менишонд. Дар он хиёбони хилват танҳо як марди раҳгузар, ду даст дар ҷайб бехиёл қадам мезад ва оҳанги ноошноеро ҳуштак мекашид, гўё ин шабу ин шаҳр ҳама моли ў буданд.
«Марди танҳои шаб, чӣ романтик!» – гуфт Санам ва бо ҳавас ба думболи ў нигоҳ кард. Аммо «марди танҳои шаб»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо