Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хеле мутаассиф шуд, ҳатто маро бағал карду ашк рехт, аммо паяш аз зиндагиам баякбор канда шуд. Ўро пас аз се моҳ дар хиёбон дидам, моту мабҳут шуд, намедонист нигоҳи чашмони хиҷолатзадаашро куҷо пинҳон кунад. Ман аввал ба ў лабханд задам, баъд лабхандам ба як хандаи баланди асабӣ табдил ёфт, ёдам нест чигуна худро гумугўр кард, ман аз нигоҳи раҳгузарҳои мутаъаҷҷиб ба худ омадам.
Гоҳо ноумед мешавам, ба худ мегўям, ки наход ин анги бадномӣ тамоми умр маро домангир бошад ва саранҷом зиндагиам ба танҳоӣ сипарӣ шавад, аммо баъд, суханони Мавҷигулро ба ёд меорам, дар мавриди инояти Худованд, ки чигуна риштаи сарнавишти инсонҳоро моҳирона метанад, солҳо дар чархаи зиндагӣ мерасад ва дар як ҷое ба ҳам пайванд мекунад...
Бо кўмаки Эронгулу нигаҳбон ва бо пасандози андаки худ, барои хонаам васоили аввалия харидам, як ҳафта баъд ҳамкорон барои «бўрёкўбон» омаданд, ҳар кас бо худ ҳадяе овард, чароғи шаб, чойнику пиёла, уту, кампалу болишт, ҳатто ҳамон чаҳорпояи дами дарро, ки солҳо боз масъулияти нигаҳдории калиду кифамро бар дўш дорад.
Аммо хеле тўл кашид то ман ба хонаи ҷадид одат кунам, хона ҳам гўё бо ман эҳсоси бегонагӣ мекард, кайфи чурт заданҳои рўйи сандалии бемористонро намедод.
Танҳо бо шурўъи таҳсил ва мураххасии чиҳилрўза ману хона кам-кам ба ҳамдигар хў гирифтем ва билохира дар қалби якдигар ҷо шудем.
Сақфи болои сар як даврони пур аз шавқу шўр ва босуботро ба зиндагиам ворид кард, он қадар, ки наметавонистам ба пойи солҳои дар шитоб бирасам. Аз донишгоҳ бо муваффақият фориғуттаҳсил шудам, мақомам дар парваришгоҳ боло рафт, ҳуқуқам низ.

пешина
аз 313
навбатӣ