Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар арзи ду сол танҳо бо бўсаҳои гаҳ-гоҳӣ маҳдуд шуд ва ҳеҷ гоҳ аз ҳадди маҷоз пой фаро нагузошт. Ўро худам рад кардам, дар остонаи арўсӣ, ҳалқаи номзадиро ба даст кардаму ногаҳон саҳнаҳои гузаштаи торикам яке пушти дигаре пеши чашмам рўшан шуд, ваҳшати тавсифнопазире вуҷудамро фаро гирифт. Чеҳраи бонкдорро дар пиндорҳоям дидам, ки чигуна бо шунидани таҷовузу бордориву бачадони набуда, ба ваҳшат меафтад ва сураташ аз танаффуру таҳайюр каҷ мешавад. Ҷудо шудан аз ў бароям роҳаттар аз ин шиканҷа буд. Ба ў нома задаму гуфтам:
– Ба эҳсосоти худам мутмаин нестам, беҳтар аст ин робита қатъ шавад, – ҳалқаи номзадиро дохили покете гузоштаму ба Эронгул додам. Он рўз саду паноҷоҳ бор ба ман занг зад, даҳҳо паём фиристод, тавзеҳ хост, маро ба мулоқот даъват кард, баъд якбора хомўш шуд, ингор аслан вуҷуд надошт.
Ў пас аз шаш моҳ издивоҷ кард, шаш моҳи баъдӣ, ман ҳар шаб бо эҳсоси сархўрдагӣ ва беҳудагӣ аз хоб бедор мешудам, ғами сангине синаамро пахш мекард, ба гузаштаам нафрин мефиристодам, аз ояндаам ноумед будам... Ишқу ошиқӣ ва издивоҷ бароям дигар мисли оби рафта аз ҷўй менамуд.
Аммо табиати инсон ба ин хостану нахостанҳо кор надорад ва қалби ҷавони ман маншури худро дикта мекард.
Бори сеюм ба як марди бисёр ҷаззоб, боэътимод ба нафс, болобаланду хушандом ва хеле донишманд алоқаманд шудам. Ҳавзаи кораш бо адабиёт марбут набуд, аммо он қадар шеър медонист ва он қадр аз «ақраби зулфи каҷ»-и ман ва хами абрўям ситоиш кард, ки саранҷом мисли қанд дар чойи доғ об шудам. Эҳсоси ман нисбат ба ў бо алоқамандиам ба бонкдор қобили қиёс набуд, бинобар ин пас як солу шаш моҳ, вақте кор ба издивоҷ наздик мешуд, ончи аз сарам гузаштаро ба ў гуфтам.

пешина
аз 313
навбатӣ