Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳақ бо ман буд, алоқамандии онҳо ба якдигар хеле зуд ба итмом расид, бо ҳамон суръате, ки оғоз шуда буд. Боре аз аз Эронгул сабаб пурсидам, гуфт:
– Ў монанди мурдае буд, ки барои эҳё карданаш хеле дер шудааст. Бо вуҷуди ин, дўстӣ ва эҳтиром ба якдигарро ҳифз карданд ва то рафтани Эронгул ба Аврупо, аз меҳмонҳои ҳамешагии хонаи ман буданд. Эронгул дар ҳақи нигаҳбон хизмати бузурге анҷом дод, писарони ўро пайдо кард ва онҳоро ба дидори якдигар расонд. Нигаҳбон дар оғоз барои ин фузулӣ аз Эронгул ранҷид, дертар, вақте писарони бузург шудаашро дид, тамоми гилаҳояшро аз ёд бурд. Фикр мекардам, ки ў ҳаргиз аз танҳоияш ҷудо намешавад, вале писаронаш ўро бо сад фанду панд бо худ бурданд. Дар аввалин аксе, ки аз он сарзамини дур бароям фиристод, бисёр хушбахт ба назар мерасид.

Тарси беморгуна аз ишқ

Ман ба нудрат ошиқ мешудам, аз робитаи маҳрамона бо мардҳо дурӣ меҷустам, ё беҳтар аст бигўям, метарсидам.
Ин ҳама ба вузуҳ реша дар гузаштаам дошт. Шояд як далели ишқи васвасаомезам ба нигаҳбон ҳамин уқда буд, зеро бо захмҳое, ки дошт, ман ўро ҳамзоти худ мепиндоштам, бо ў эҳсоси баробарӣ мекардам...

Бо ин ҳол, дар бистсолагӣ дубора ошиқ шудам, ба як
ҷавони хушандом, аз ҳамкорони Эронгул. Марди хубе
буд, барои як бонкдори дасташ олуда ба пул аз ҳад беш
содаву шоиста ва романтик! Дар тўли ду соли ошноӣ он
қадр бароям гул овард, ки исми ҳамаи навъи гулро аз бар
кардам. Маро мазҳари зебоиву покӣ медонист ва ба истилоҳ ҳозир буд дар доманам намоз бигзорад.

пешина
аз 313
навбатӣ