Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Гулсум на маро хуш дошт ва на алоқамандиам ба он бачаро. Ғур мезад, ки кўдакро эрка кардаам, ҳеҷ касро ба ҷуз ман қабул надорад. Боре рост ба чашмонам нигоҳ кард ва бо оҳанги ҳушдор гуфт:
– Духтар, ин вобастагиҳо ба ту ва ба он кўдаки ятим ба ҷуз дард ва ноумедӣ чизи дигаре ба ҳамроҳ надорад, инро аз одаме мешунавӣ, ки ҳодисоти шабеҳи дилбохтанҳои туро понздаҳ сол пушти деворҳои ин идора мушоҳида кардааст.
Он вақт ба суханони ў таваҷҷуҳ накардам, гуфтам ҳасуд аст ва аз фарти ҳасодат ҳамаро бо ранги тира мебинад. Аммо Гулсум медонист чӣ мегўяд...
Юсуф дар ҳаштмоҳагӣ дигар нишоне аз заъфи қаблӣ надошт, кўдаке буд ширину хушгил, сафедпўсту сиёҳмўй, бо чашмони мисли зуғол сиёҳ ва мижаҳои ҷафсу махмалин.
Тоби дуриашро надоштам, тамоми рўз ва гоҳо шаб байни ошёнаи якуму дуюм мерафтаму меомадам. Муҳаббату меҳрубонии беандозаи ман ўро хушбахт мекард, нигоҳаш босафо буд, шабеҳи кўдакони хонагӣ ва орӣ аз беҳолию андўҳи хоси кўдакони ятим. Маро медиду дастҳои кўчакашро мисли боли гунҷишк такон медод, мехост ба сўям парвоз кунад. Гоҳе шабҳо ўро хумори бағали ман мегирифт, гиря мекард, садои гиряашро аз пушти девор мешунидаму ҳамон лаҳза болои сараш ҳозир мешудам. Гулсум норозиёна сар такон медод, аммо баъдҳо таслим шуд. Суроби маро дар рўшноии чароғи шаб медиду болопўшро ба бо қаҳр сар мекашид.
Ў дар асл чандон одами баде набуд, ба сари бачаҳо ҷиғ намекашид, дар соати муайян ба онҳо ғизо медод, тозаву тамиз мекард, аммо лутф надошт, ҳатто хушсуханиаш бо кўдакон дурушту беодобона садо медод. Боре рўйи тахти хоби Юсуф хам шуда, ўро ғил-ғилак мекард ва мегуфт:

пешина
аз 313
навбатӣ