Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шаби пас аз кома берун шудани Юсуф боз шабаҳи ҳамон зани чодарпўшро дидам, гўё хоб медидам аммо ақлу ҳўшам бедор буд. Ў дар пиндорҳои ман ҳамчун модари Юсуф зуҳур мекард, пушти дари ҳуҷраи писараш чамбар зада буд ва бо садое, ки гўё бо пажвок аз дили кўҳҳо берун меомад, мегуфт: «Бидон, ки ду дасте дар он дунё ҳамеша бо дуои саломатии ту баланд хоҳад буд».
Ман он қадар ба Юсуф вобаста шудам, ки зиндагиам бе ў ғайри қобили тасаввур буд. Саломатиаш тадриҷан рў ба беҳбуд меовард, дигар бо найча ғизо намехўрд, аз заъф арақ мекард, аммо ширро аз пистонак мемакид. Камкам вазн гирифт, гунаҳояш гулобӣ шуд, шикофи устухони ҷумҷумааш тадриҷан ба ҳам меомад, нигоҳаш огоҳона буд, ғаризаҳои гумшударо ором-ором ба ёд меовард.
Шабе ўро бағал кардаму даври ҳуҷра қадам мезадам, ногаҳон ба синаам часпид, сарашро бо аҷала ба чапу рост чархонд ва шурўъ кард ба ҷустуҷўи пистон. Синаамро бедиранг аз гиребони хилъат берун овардам, пистонро ҳарисона ба даҳон гирифт. Шире дар рагҳои он сина вуҷуд надошт, Юсуф ҳам гурусна набуд, танҳо хумор мешикаст...
Аз он рўз ба баъд ҳар бор, ки ўро бағал мекардам, пистон мехост. Вақте атроф хилват мешуд, синаамро ба даҳонаш мегузоштам.
Пас аз се моҳ ба утоқи кўдакони навзод мунтақил шуд, худам барояш тахти хоб омода кардам ва ўро ба Мавҷигул супурдам. Ҳамеша канораш будам, бо дастони худам ба ў ғизо медодам, мешўстам, мехобондам ва барояш алла мегуфтам. Комҳояш варам карда буданд, дандон мебаровард ва аз дард зуқ-зуқ мекард. Шабҳои навбатдории Мавҷигул Юсуфро ба утоқам мебурдам, то рўз синаи беширамро мемакиду пистонамро бо комҳои варам гоз мегирифт.

пешина
аз 313
навбатӣ