Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Тамоми шабро дар шодиву ҳаяҷон канори Юсуф гузарондем.
– Метавонам ўро ба оғўш бигирам? – пурсидам беҷуръатона аз Моҳтоб.
– Чаро не, ту бештар аз ҳама бар ў ҳақ дорӣ! – Моҳтоб шонаҳои маро бағал карду рафт, то хабари аз кома берун шудани Юсуфро ба мақомоти парваришгоҳ гузориш бидиҳад.
Юсуф ором-ором ба худ меомад, садои заифи шабеҳи нолиш аз гулўяш берун мешуд, нигоҳи чашмонаш дигар бехудона набуд, шароити ҷадидро бо ҳайрат меомўхт, бо чашмони рез ба ман нигоҳ мекард, ингор маро мешинохт.
Гарданаш ҳанўз заиф буд, аммо овозамро мешуниду сиёҳии чашмонаш ба тарафи садои ман мечархид. Хилвати ман бо Юсуф зиёд тўл накашид, аввал Моҳбегим омад, баъд ҳамкорони дигар, ҳама мехостанд ин мўъҷизаро ба чашми худ бубинанд. Моҳтоб дар ҳузури мудир ва сойири ҳамкорон аз ман ситоиш кард, маро барои парваришгоҳ «ганҷи ноёб» номид ва гуфт, ки заҳматҳоям бояд қадрдонӣ шавад.
– Ин маврид як бори дигар исбот кард, ки ишқ ва муроқибат метавонад кўдакро аз марг наҷод бидиҳад – Моҳтоб инро гуфту маро ба оғўш кашид ва модарвор аз ҷабинам бўсид.
Ў барои ман намоди адолат ва устоди дарси шавқату инсондўстӣ буд. Ман ба андозаи кофӣ баиқбол будам, ки даҳ сол бо Моҳтоб ҳамкорӣ кардам, баъд ў барои як моҳ ба назди ягона духтараш ба Русия рафту онҷо мондагор шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ