Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Шонс овардӣ бача, ки ин духтари ятим сари роҳат сабз шуд, вагарна то ба ҳол сабзаи гўрат як ваҷаб рўйида буд.
Барои ояндаи Юсуф барномаҳое доштам ҳаяҷонангез, бо худ мегуфтам: «Пул дорам, ҷойи кор дорам, чун ба ҳаждаҳ расидам, дарҳол хонаеро иҷора мегирам ва ўро расман ба фарзандӣ мехонам». Аммо ҳеҷ чиз он тавр нашуд, ки ман мехостам, ҳама чиз ҳамон тавре шуд, ки Гулсум пешгўйӣ мекард.
Авоили тобистон бо дипломи хатми мадраса ба парваришгоҳ баргаштам ва хостам ин хабари хушро аввал ба Моҳбегим бирасонам. Дар дафтари корияш танҳо набуд, меҳмон дошт, як зани сурхинарўй, бо шонаҳои паҳну бозувони кулуфт, лабони нозук ва бинии гуштӣ. Дар гўшаи бинӣ ва рўйи чонааш холҳое дошт ба андозаи нахуд бузург. Зару зевар зиёд пўшида буд ва сарватманд ба назар меомад. Марде муҳтараме ўро ҳамроҳӣ мекард, хушқиёфа, хушлибос, монанди мақомдорҳо боэътибор ва бо чеҳрае, ки дар як нигоҳ ҳифз мешуд. Синни ҳар ду шояд марзи чиҳилро убур мекард.
– Ана худаш ҳам омад! – гуфт Моҳбегим бо як шодии сохта. Он ду нафар мисли бачаҳои мадрасаӣ ба таври ҳамзамон аз сандалӣ баланд шуданд. Ангўштҳои сергўшти зан аз ҳаяҷон меларзид.
– Достони Юсуфро қисса мекардам, мегуфтам, ишқу меҳрубонӣ инсонро аз он дунё ҳам бармегардонад! – Ҳаяҷони дурўғини Моҳбегим маро асабонӣ мекард, дар ин ҳафт моҳ бо хулқу хўяш каму беш ошно шудам, медонистам, чӣ замоне хушҳолиҳои тақаллубиро ба кор мебарад.
Занги якнавохте гўшамро убур кард, ҳарфҳои Моҳбегимро дигар нашунидам, фақат ҷумбидани лабонашро медидам. Меҳмонҳо бо таҳсин сар такон доданд, чашмонашон лабрези сипосу қадрдонӣ буд.

пешина
аз 313
навбатӣ