Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Аслан ба духтур монандӣ надошт, исмаш ҳам ингор духтурӣ набуд – Ганҷалӣ. Ситора пушти сараш ўро «Ҷангалӣ» садо мекард. Ў бо хилъати сабзранги тугмаҳояш боз бештар шабеҳи муаллими «таълими меҳнат»-и дабиристон буд, то як пизишки ҳирфаӣ.
Моҳтоб беҳавсалагии ҳамкорашро медонист ва ба ҳамин далел тамоми доруву дармони беморонро аз қабл таъйин мекард.
Ману Ситора шабҳо дар долон, рўйи сандалӣ менишастему рўи миз дар такяи бозуи худ мехобидем. Сукути шабро хирроси шушҳои варам ва сулфаҳои бевақфаи он се кўдаки бемор мешикаст. Онҳо дар оташи таб месўхтанд ва ҳаво аз нойи шушҳояшон басахтӣ берун меомад, мо муроқиб будем то нафас дар гулўяшон дарнамонад. Маризи утоқи муроқибати вежа як кўдаки ба оксиген муттасил буд.
Моҳтоб ва он пизишки беҳавсала хеле кам ба ў сар мезаданд, ду бор дар рўз ва як бор шабона. Ситора мегуфт:
– «Духтурҳо аз ў ноумед шудаанд, мегўянд, ки наҷот ёфтанӣ нест».
– «Исмаш чӣ аст?»
– «Юсуф, номаш Юсуф аст. То як моҳи пеш падару модар дошт, аз таваллуд то семоҳагӣ дар оғўши онҳо бузург шуд, садама ҷони ҳардуро дар як сония гирифт, бастагонаш ду хоҳари бузурги ўро пазируфтанд, аммо ин тифлак бесоҳиб монд. Вақте ўро инҷо оварданд як бачаи маъмулӣ буд, бо вазни мутаносиб, пўсти нарму гунаҳои гулобӣ. Як ҳафта дар хумори оғўши модар беист гиря кард... ҳарчи мехўрд, берун меовард, саранҷом ба куллӣ аз хўрдан даст кашид, башиддат вазн кам кард ва шуд ҳамоне, ки ҳоло ҳаст, як мушт устухон, ки камтар аз ду кило вазн дорад ва агар таҷзияи тазриқӣ набошад, як соат ҳам зинда намемонад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё