Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Солҳо дар ҳамин парваришгоҳ кор карда буд, баъди марги ҳамсараш танҳоӣ мекашид ва ба таври ройгон ба табибон кўмак мекард. Ҳеҷ як аз табибон донишу таҷрибаи он пирамардро надошт, ў ба тани беҷон ҳам ҷон мебахшид. Гоҳо мегуфт:
– «Дар кўдакӣ зиндагии хоксоронае доштам, падарам аз чўб бароям асбоби бозӣ месохт, хуб ё бад, он асбоб моли ман буд, ҷогаҳи хоби худро доштам, аз хоб бо хости худ баланд мешудам ва субҳонаро ҳам модарам зери суфра бароям гарм нигаҳ медошт, дастмоли худро доштам ва сару либоси худамро, ҳама чиз мансуб ба ман буд. Инҷо чизе ба бачаҳо тааллуқ надорад, ҳама чиз умумӣ аст, шалворе, ки дар тани он духтарак мебинӣ, фардо онро кўдаки дигар мепўшад ва ин ҳолат фардияти бачаро аз байн мебарад. Агар бо ман мебуд, тамоми ятимхонаҳоро барҳам медодам ва пулашро ба хонаводаҳо тақсим мекардам, то аз кўдакон муроқибат кунанд».
Аз ў мепурсидам:
– «Чи қадар тўл мекашад то таҷрибаи ятимӣ фаромўш шавад. Мегуфт:
– «Ин таҷруба ҳаргиз фаромўш намешавад, шояд бо гузашти замон мисли гузашта тарснок набошад, аммо як осеби мудомулумр мемонад.
Як устод доштем, ёдаш бахайр, ўро гоҳо дар қаҳвахонаи донишгоҳ медидем, ҳамон тавр ки як шоҳин рўйи тўъмааш хам мешавад, ў низ сар аз ғизо барнамедошт ва косаашро бо суръат холӣ мекард.
Боре сабабашро шарҳ дод, гуфт, ки дар ятимхона бузург шудааст, онҷо агар ғизоро сареъ намехўрд, бачаҳои бузургтар косаашро мегирифтанд. Синнаш аз ҳафтод ба боло буд, аммо наметавонист аз он одат раҳо шавад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё