Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Рўзҳои сарди зимистон сайри боғчаи парваришгоҳ лағв мешуду ҳавсалаи кўдакон дар тахтҳои танг сар мерафт. Дастҳояшон мудом тарафи доя ва мураббӣ дароз мешуд, мехостанд касе онҳоро бағал кунад ва ҳадди ақал ба бозигоҳи васати хона бубарад. Соатҳо дар кати хоб меҷулиданд, яке дар такяи тахт рост мешуду нардаро гоз мегирифт, дигаре ангушти шасташро мемакид, савумӣ мисли гаҳвораҷумбон ба чапу рост мечархиду бо садои якнавохти «ммммм» барои худ лолоӣ мехонд.
Ман аз канори ҳеҷ тахте бепарво намегузаштам ва ҳеҷ оғўши бозро ноумед намекардам. Мураббӣ нороҳат мешуд ва мегуфт, ки ман кўдаконро бадомўз мекунам, ба худ мегуфтам, бало ба паси ин қоидаҳои нонавиштаи шумо, як лаҳза ҳам бошад ба онҳо умед мебахшам. Аз тамоми саҳнаҳо сарфи ғизои кўдакони дусола ғамангезтарин буд.
Нигоҳи кўдакон байни косаи хўрок ва рўҳияи доя парса мезад, онҳо бо панҷаҳои кўчак ба қошуқ мечаспиданд то тиккае ба замин нарезаду фарш касиф нашавад ва доя ҷиғ накашад. Наметавонистанд мустақилона ғизо бихўранд, ними хўрок ба пешбандҳояшон мерехт. Дояву мураббӣ бо навбат ба бачаҳо ғизо медоданд, он қадр бо аҷала, ки кўдак ҳанўз луқмаро фурў набурда, тиккаи навбатӣ ба даҳонаш гузошта мешуд.
Барои мураббияву дояҳои серкор ин раванд он қадр ҳамарўзаву маъмулӣ буд, ки онҳо на чашмони тари кўдаконро медиданд ва на буғзҳои дар гулў дармондаи онҳоро. Дар онҷо мутаваҷҷеҳ шудам, ки агар инсон муддати тўлонӣ дар канори бадбахтӣ зиндагӣ кунад, кам-кам ба бадбахтӣ одат мекунад ва дигар онро на намебинад ва на эҳсос мекунад...
Дуктури бознишаста маъмулан охири ҳафта барои муоинаи кўдакон меомад, инсони шарифе буд, фаҳмида, дилсўз.

пешина
аз 313
навбатӣ