Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Зуд ба ин воқеъият мерасад, ки инҷо касеро парвои нолаҳои ў нест, ҳар қадр гиря кунад ҳам, касе ба сари болинаш намеояд, баъд тадриҷан хомўшу ноумед мешавад ва дар худ фурў меравад.
Ман ҳеҷ нигоҳеро ғаменгезтару ноумедтар аз нигоҳи як тифли ятим надидам, чашмҳое бо рангҳои мутафовит, вале бо муҳтавои якранг.
Кори Гулсум соати ҳашти саҳар ба анҷом мерасид ва ў ба хонааш мерафт, то меҳрубониҳояшро ба кўдакони худаш нисор кунад.
Мураббии рўз бархилофи Гулсум як зани шод ва ширингуфтор маълум мешуд, синнаш марзи панҷоҳро убур мекард, аммо рафтораш шабеҳи духтарҳои ҷавон буд. Сурати гирд дошт, мисли доира, бе хутуте, ки битавонад гуна ва чонаашро барҷаста нишон бидиҳад, абрўвони баланди рангшуда дошту чашмони хуморӣ ва лабханди бозигўш, ки лабонашро мисли найча ба ҳам меовард. Маълум буд, ки ҷариқаҳои ишвагарӣ ҳанўз дар вуҷудаш хомўш нашудаанд. Ончи синни воқеъияшро нишон медод, лолаҳои овезони гўшаш буд, ки дар пасманзари сурати гирд мисли гўшвора ба назар маомад. Шояд ба ин хотир кулоҳи пизишкии аз андозаи сараш бузургтар мепўшид, то лолаҳои гўшаш пинҳон бимонанд.
Ўро қаблан надида будам, тоза аз рухсатӣ бармегашт.
Маро дар утоқи навзодон диду сар то поямро бо чашмони пур аз ҷумбу ҷўш ва кунҷков чен кард.
– Коргари нав худат ҳастӣ? Чӣ ном дорӣ?
Номамро гуфтам.
– Исми зебое доштаӣ, маро Мавҷигул садо кун, аз холаву аммаву апагўӣ хушам намеояд.
Мавҷигул як зани пурҳарфе будаст, як сония ҳам забон ба даҳон намегирифт, аз фарзандону бастагонаш, ҳатто аз ҳамсояҳояш қиссаҳо мекард, гўё маро солҳо боз медонист ва гўё ман низ ҳама хешу табори ўро мешинохтам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё