Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Ҳуҷраҳои кўдакони навзод ва то чорсола дар табақаи дуюм ва утоқи кўдакони бемор дар ошёнаи аввал ҷойгир буд, дар пушти ҳамон девори чўбӣ.
Намедонам Моҳбегим ҳузури як корманди ноболиғи бесарпаноҳро чигуна ба ҳамкоронаш тавзеҳ дод, вале зоҳиран касе аз истихдоми ман тааҷҷуб накард.
Қарор шуд маро ҳар ҳафта бо як коргар мансуб кунанд, то маълум шавад ба чи шуғле муносиб ҳастам.
Ҳафтаи аввал дастёри як назофатчӣ шудам, як зани синнаш аз ҳафтод ба боло, Фавзия ном дошт, аз тоторҳои Қрим буд. Агарчи дар он сарзамин касеро надошт, аммо Қрим мегуфту чашмонаш пур аз об мешуд, мегуфт: «агар якбор поям ба остонаи он мамлакат бирасад, дигар ҳасрате дар дил нахоҳам дошт».
Зани нуроние буд, сурати гирду чашмони рези асалӣ ва бинии кўтоҳи гуштӣ дошт. Каме хамида роҳ мерафт ва ин шеваи роҳ рафтан қомати миёнаашро кўтоҳтар нишон медод. Соле, ки бо ҳам ошно шудем, ман аз ў як сару гардан баланд будам.
Занҳо бо шеваҳои мухталиф пир мешаванд, бархе хеле сареъ, ингор дар як шаб, бархи дигар ором, бо ҷавидани боқимондаҳои ҷавонии худ. Фавзия ба лутфи хушзотӣ аз чину ожанги зиёд эмин монда буд, аммо ҷисми мариз дошт, аз фишори баланди хун ва аз нафастангӣ ранҷ мебурд, ҳаво дар нойи нафаскашиаш бо харош омадурафт мекард, вақте роҳрави холии табақи якумро мешуст, сути нафасҳояш дар табақаи дуюм шунида мешуд. Аз моли дунё як писар дошт, бекору майзада буд, синнаш ба паноҷоҳ мерасид, аммо на хонаводае дошту на хонае. Ҳамсараш муддатҳо пеш аз ў талоқ гирифт ва бо ду фарзанд аз кишвар хориҷ шуд. Фавзия бори зиндагии писарашро мекашид, аммо ҳаргиз нашунидам, ки аз ў бад бигўяд, ё аз сахтии рўзгор шикоят кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё