Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хеле зуд ба ў вобаста шудам, бо ман меҳрубон буд, хумори наваҳои раҳдурашро дар ман мешикаст. Мувозиби саломатиам буд, бароям либос ва ғизои хонагӣ меовард. Паравардгор Фавзияро аз гили шарофату наҷобат ва инсондўстӣ офарида буд, касеро ба андозаи ў шикастанафсу парҳезгор ва мушфиқу меҳрубон ёд надорам. Он қадар аз ман ғамхорӣ мекард, ки хиҷолат мекашидам.
Дар идорае, ки занҳо аксарият бошанд ғайбату шоепардозӣ як амри ногузир мешудаст, инро дар ҳамин парваришгоҳ кашф кардам, «деги ғайбат» вақти наҳор он чунон меҷўшид, ки занҳо басахтӣ аз давраш баланд мешуданд. Ҳадафи ҳамешагии ғайбати онҳо Моҳбегим буд, аз сабки раҳбарӣ то шеваи либоспўшиашро масхара мекарданд, яке адои шеърхонии ўро дармеовард ва банди дили дигарон ба истилоҳ аз ханда канда мешуд. Баъд шурўъ мекарданд ба бадгўии пизишку парасторҳо, он қадар ки гоҳо то бистари хоби онҳо ворид мешуданд. Ба вузуҳ, ниме аз иртиботи ҳаррўзаи занҳои ҳамкорам бо якдигар аз ғайбат шакл мегирифт. Фавзия ҳеҷ гоҳ ба ин ғайбатҳо ҳамроҳ намешуд, ғизояшро мехўрду бо аҷала аз пайи кораш мерафт, мегуфт: «ғайбатчӣ ва ғайбатшунав дар пешгоҳи Худованд гуноҳи яксон доранд».

Ман аз хўрдӣ дастёри хола Моҳистон будам ва хеле зуд ба назофати хона ворид шудам, аз ин рў кореро, ки Фавзия тамоми рўз анҷом медод, дар ду се соат поён медодам. Пиразан аз хушҳолӣ тамоми ҳафта аз ман пеши дигарон ситоиш мекард ва дуои нек медод.
Дар нигоҳи аввал ҳама чиз олӣ ба назар мерасид, сақфи болои сар, ғизои ройгон, имкони идомаи таҳсил, бар илова, маоше, ки наметавонистам рўъёяшро бубинам.

пешина
аз 313
навбатӣ