Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Барои як лаҳза дастуроти ўро фаромўш кардам, натавонистам шерзан бошам, худро ба оғўшаш андохтам ва домани гиряро сар додам, на барои телефон, ман аз садоқати як одами бегона ба худ мутаассир будам. Дар он бекасӣ Эронгул ҳама касам шуд, ояндасозам шуд. Ў шонаҳоямро навозиш кард, баъд бе он ки ба рўйи ману Моҳбегим нигоҳ кунад, пушт ба мо дасташро дар ҳаво алвонҷ доду босуръат аз ҳуҷра берун рафт.

«Зиндагӣ дар канори ранҷҳо»

Моҳбегим маро то охири роҳрави табақаи дувум, то бахши махсуси навзодҳо раҳбаладӣ кард ва дари як утоқи зебову барҳаворо кушод. Утоқ деворҳои сафед, дастшўиву душ дошт, панҷарааш рў ба саҳни ҳавлӣ боз мешуд. Бо таваҷҷуҳ ба ду тахти холӣ ҳула ва хилъатҳои овезон дар сепояи чангагдор, мешуд ҳадс зад, ки ин утоқ ҳуҷраи истироҳати коргарони шабкор аст, аммо гузинае буд фаротар аз интизороти ман.
Қабл аз рўйдодҳои баъдӣ мехоҳам бигўям, хуб ё бад, ду соли умрам дар ҳамин утоқ сипарӣ шуд, дар канори тифлакони ятим, ки ҳиқ-ҳиқи нимашабии онҳоро аз паси девор мешунидам ва андўҳи бузурге вуҷудамро фаро мегирифт.
Инҷо ба сурати умум як муассисаи занона буд, ба ҷуз як пизишк, як корманди фаннӣ, як нигаҳбони аҷибу ғариб, ки ҳамзамон вазифаи боғбонро иҷро мекард ва як духтури бознишаста, ки гоҳо аз дилтангӣ барои муоинаи ройгони кўдакон меомад, бақия ҳама бонувон буданд. Як пизишк, ҳашт мураббӣ, ду ҳамшираи шафқат ва чаҳор тамизкор.
Кулли кормандон аз шаст кўдаки аз думоҳа то чаҳорсола муроқибат мекарданд.

пешина
аз 313
навбатӣ