Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бегонавор рў ба рўйи ҳам нишастем, хола дастонашро рўйи миз гузошт. Лоғару рангпарида ба назар меомад, ҳалқаи тираи зери чашмонаш аз шабҳои бехобиаш гувоҳӣ медод. Либосҳои номураттаб дошт, пероҳан ва болопўше, ки ҳеҷ гоҳ дар тани ў надида будам, ингор аз камоди кўҳнаколо либос бардошта буд.
Лабонаш меларзиданд, дастонаш низ, болҳои нозуки биниаш ба шиддат пасту баланд мешуд, мисли ҳамон рўз, ки шабеҳи бабр ба ман дарафтод ва маро аз лаби айвон ба поён тела дод. Ба сурати ман хира шуд, аз партгоҳи чашмони дурушташ як эҳсоси бештару қавитар аз нафрат, чизе шабеҳи майли даридан, нобуд кардан ва зинда ба зинда фурў бурдан ҷўш мезаду косаи чашмонашро пур мекард.
Гиреҳи муштҳояш маҳкамтар мешуд. Ў дар такяи он муштҳо ба тарафи ман хам шуд ва сандалиро ба думболаш пеш овард. Садои ба ҳам бархўрдани дандонҳояшро ба вузуҳ шунидам. «Ин буд... сазои туро бузург карданам... баҳои бедорхобиҳоям... туро дар мағзи ҷон парварданам??? Ин буд қадри заҳматҳои ман???»
Буғзи гулўяшро ба сахтӣ фурў дод. Ду қатра ашки бузург аз ҳавзи чашмонаш сарозер шуду ором-ором аз сураташ ба поён лағзид, лаҳзае дар манаҳи ларзонаш такон хўрду сипас рўйи варақҳои мизи Асал афтид.
Худои ман! Ў барои худаш мегирист, дилаш ба ҳоли худаш месўхт, ман бо ҳама бадбахтиҳоям дар гўшаи хотираш набудам! Аз ин густохӣ, аз ин беинсофӣ, аз ин сангдилӣ хунам ба ҷўш омад, мисли мор ба сўяш фашшос задам ва бо танаффур аз лойи лабҳои фишурда пурсидам:
– «Ту аз ман чӣ мехоҳӣ??? Магар осеби ҷисму рўҳи ман барои ҷуброни ғамхорият кофӣ набуд? Чаро омадӣ???»
Такон хўрд, қоматашро рост ва муштҳояшро соф кард.
– «Бо он хабарнигори лаънатӣ тамос бигир, бигў ҳар ончи гуфтӣ дурўғ буд, аз фарти беақлӣ гуфтӣ».

пешина
аз 313
навбатӣ