Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ман Найсонам, духтари Моҳистон...
«Оре, исмаш ёдам омад, Найсон!»
Холадухтар покети начандон бузурги давру бараш бо навори часб печидаро аз ҷайби даруни болопўш берун овард.
– Модарам ин номаро дуру дароз навишт, вақте фаҳмид, ки аз умраш чизе боқӣ намондааст. Барои шумо навишт. Пофишорӣ кард, ки дафтари садсаҳифаӣ биёрам, болотарин дафтар 96 саҳифа дошт, ҳамонро овардам. Он вақт намедонистам чаро рўйи рақами сад исрор меварзад, дертар фаҳмидам, ў нома менавишту хушаш намеомад, коғазро пора мекард, бо хўрдтарин тиккаҳо, то касе онро хонда натавонад. Ҳафтаҳои ахир кораш ҳамин номанависиву коғазпоракунӣ буд. Модарам бархилофи сойири пизишкон дастхати хеле қашанге дошт... агар ёдатон бошад.
Дандонҳои Санам аз ғазаб ба ҳам бархўрданд. Тазаккури Найсонро нодида гирифт.
Холадухтар буғзи гулўяшро бо қурт поён тела дод.
– Ин номаро як ҳафта пеш аз маргаш ба ман супурд.
Дастур дод, ки дафтарро дар пакет гузорам ва бо навори часб мустаҳкам бубандам. Як бор бастам, маҷбур кард, ки дубораву себора часб бизанам. Гуфт, ки инро ба шумо бирасонам... Гуфтам:
– Чӣ гуна? Ман ҳатто чеҳраи ўро ёд надорам, хонаашро намедонам.
Модарам гуфт:
– Нигарон набош, рўзи дафни ман худаш пайдо мешавад.
Санам моту мабҳут шуд, гунаҳои баландаш аз асабоният ва аз ин гардиши ғайримунтазира ранги қирмиз гирифт.

пешина
аз 313
навбатӣ