Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баргашту духтари бузурги холаро дид, ки бо қадамҳои баланд ба самти ў меомад, аммо ба маҳзи наздик шудан суръати ҳаракаташро кам кард ва чанд қадам дуртар истод. Чашмонаш аз тааҷҷуб бузург шуданд, гўё ин номро тасодуфӣ садо зада буд, гўё ба Санам будани зане, ки ба думболаш меомад, шубҳа дошт.
– Мутмаин набудам шумо бошед...шокӣ шудам.
Ў беҷуръатона пеш омад, дастҳояшро ба шакли салиб боз карду раҳ ба раҳ оғўш кушод. Бо болопўши ба маротиб бузургтар аз андозаи танаш, шабеҳи муҷассамаи Исои Масеҳ буд. Ашк дар чашмонаш медурахшид ва абрўвонаш аз алам гиреҳ мехўрд. Каме монда буд то даст ба гардани холадухтараш ҳалқа кунад ва ҳой-ҳойи гиряро сар бидиҳад, аммо чашмони сард ва чеҳраи барангехтаи Санамро диду худро ақиб кашид, дастҳои баландшудааш ба оромӣ поин омаданд. Бордор ба назар меомад, ҳатто он болопўши кушод ҳам наметавонист шиками хамидаашро пинҳон кунад, мисле ки фурсати зоймонаш имрўз буд ё фардо. Биниву лабҳои варамидааш низ ба ҳамин далолат мекарданд, аммо мисли аксари обистанҳо аз чеҳрааш нур меборид, гўё аз дарун медурахшид ва нафасаш аз қадамзании тунд, ё шояд аз ҳаяҷон дар гулўяш мепечид. Санам ба ў нигоҳ мекард, вале наметавонист исмашро ба ёд биёварад. «Худоё, ин духтар чӣ ном дошт? Борон буд, Дарё буд?
Бо ҳам бозӣ мекардем, синнаш аз ман зиёд фарқ намекард, се ё чаҳор сол... меҳрубону дўстдоштанӣ буд... Аҷаб, чаро номаш дар хотирам нест? Ба ман монандӣ дорад, пўсти махмалин, холи муштарак, гардани баланд. Фақат ба далели бордорӣ пуф кардаву ҳайкалаш бешакл шудааст.
Мисли бордориҳои модараш…».
Гармои яклаҳзаӣ, ки эҳтимол аз овои хуни ошно, ё тараҳҳум бар ин зани бордор маншаъ мегирифт, бо бурузи тасвири холаи обистанаш дар зеҳнаш ба якбор ях баст.

пешина
аз 313
навбатӣ