Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Тааҷҷуб кард. Холаро бори охир ҳаждаҳ сол пеш дида буд, ўро ҳатто ба рўъёҳояш роҳ намедод. Гоҳо вақте ба хобаш меомад, аз тарс башиддат баланд мешуд, то давоми он рўъёро набинад. Хабари марги холаро низ ҳамин субҳ, аз писари аммааш шунид. «Аз куҷо медонист, ки дар ҷанозааш бо пойи худ меоям?»
Шиками бузурги духтари хола шонаҳо ва пушташро ба ақиб мекашид ва ў ин бори сангинро гоҳ ба як пой ва гоҳ ба пойи дигар мепартофт. Қатраҳои арақ мисли шабнами саҳаргоҳӣ пушти лабаш медурашид ва аз зери мўйҳои бўри рангкардааш ба пешонаи софу зебояш сарозер мешуд. Арақи пешониашро бо пушти даст ва лабонашро бо гўшаи рўсарӣ пок кард. Дубора рў ба Санам овард.
– Моҳҳои ахир, мо се хоҳару як бародар як тараф будему шумо як тараф. Ҳатто дигар аз писари ба ҷон баробараш намепурсид. Модарам ингор аслан парвои мо надошт, на васияте, на насиҳате... Ба дидори шумо васвосӣ шуда буд, бо ҳамон хаёл мехусбид ва бо умеди дидор чашм боз мекард, аммо ҳамзамон аз шумо метарсид. Росташро бигўям... мо ҳеҷ нафаҳмидем... чӣ гузашт, ки ин тавр бо модарам душмани қасамхўрда шудед... Пеши шумо эҳсоси гуноҳ ва забонкўтаҳӣ мекард, мо инро ба вузўҳ пай мебурдем...
– Чигуна даргузашт?
– Дар хоб мурд, на касеро бахшиду на аз касе биҳил хост. Мисле, ки дигар чизе барояш муҳим набуд. Ҷисми беҷонашро бомдод пайдо кардем...
Овози духтари хола ларзид ва чашмонаш пур шуданд.
– Таслият мегўям…
– Худо гузаштаҳои шуморо ҳам биёмурзад... Падару...
Зан ҳарфи ўро дар забонаш қатъ кард.
– Бояд биравам, кор дорам.

пешина
аз 313
навбатӣ