Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
«Худо шоҳид, қасам ба Қуръони Маҷид холаҷон, ман бегуноҳам, бо ҳеҷ марде робита надоштам, маро ба назди пизишк бубаред, ҳар коре зарур аст анҷом бидиҳед, аммо аз ин бало наҷот бидиҳед ва илло чорае ба ҷуз худкушӣ бароям намемонад!»
– «Либосҳоятро бипўш», – гуфт ў бо меҳрубонӣ ва рў ба писараш овард: – «Мошинро рўшан кун, ту ҳам бо мо меравӣ».
Домод гўширо бардошту паст-паст бо касе суҳбат кард, садояш дуруст шунида намешуд, аммо бо асабоният даст такон медод.
Ману модараш дар сандалии ақиб ва он ваҳшӣ пушти фармон нишаст.
Девонавор ронандагӣ мекард, роҳи мошинҳои дигарро мебурид, пеш мегузашт, фиғони мошинҳоро баланд мекард, ингор мехост моро ба куштан бидиҳад.
«Оҳиста писар, мо ҳоло аз зиндагӣ умед дорем». Модар даст ба шонаи писараш мегузошт ва ўро ором мекард.
Дар назди идораи пизишки қонунӣ бародари бузургамро дидаму шарму ҳаё аз сар то ба поям мавҷ зад. Ўро ҳамон девона даъват карда буд, то расвоии маро бар рухаш бикашад. Бародарам бо чашмони пур аз хашму ғазаб ба ман нигоҳе андохту бе салому алейк пеш гузашт.
Ба думболи ў вориди утоқи кўчаке шудем. Зане пушти миз машғули навиштан буд, моро диду аз ҷой бархост, ману модаршўямро нигаҳ дошту мардҳоро аз утоқ берун кард.
Пизишк зане буд миёнсолу сиёҳчурда, бо чашму даҳон ва бинии бо ҷуссаи ҳаҷимаш мутаносиб. Дар пасманзари он пўсти тира дандонҳояш мисли шир сафед менамуданд.
Ў абрўвони шамшериашро, ки гўё бо шоблун наққошӣ шуда буд, дарҳам кашид ва зиракона ба ман чашм дўхт.
Мисле ки мехост рост ё дурўғи иттиҳоми ҳамсарамро аввал аз чеҳраи ман бихонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё