Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
– Ман намехўрам, шир дар синаам гиреҳ задааст, дарди шадид дорам, бояд пистонҳоямро холӣ кунам, дар ғайри ин, синаам зардоб мегирад.
– Бошад! – гуфт ў хушҳолона ва ҳар ғизои рўйи миз бударо хўрд, ҳатто ду тикка нонро ҳам. Баъд беҳолона рўйи тахти хоб дароз кашид ва чашм ба сақф дўхт, шояд мехост ба ончи аз сараш гузаштааст мурур кунад, аммо ноаён хобаш бурд.
Суман маъмулан коре ба кори касе надошт, аммо он рўз аз ҷой бархосту ба чеҳраи меҳмони дар ҳоли хоб хира шуд.
– Шабеҳи арўс аст... абрўвонашро тоза чидаву шакл додааст, мебинед? Мўйҳояшро бингаред, ба шеваи арўсҳо оро додааст, ҳмм... аммо тифлак хеле кўтак хўрдааст, ин доғҳоро бубинед, ў монанди коршиноси ҷиноӣ бо осори ангуштҳо дар гардан ва сари синаи духтар ишора кард.
«Аҷиб аст, инҷо чӣ кор мекунад?
Мо ҳам кунҷков шудем ва сари болини духтарак омадем то аломатҳои зикршударо бо чашми худ бубинем.
Меҳмони нав муддати зиёд хобид, шояд то ў касе дар як макони ношинос ба ин андоза тўлонӣ нахобида буд.
Вақте барои ғизои шом бедораш кардем, ба манзури «намехўрам» даст афшонд ва пилкҳояш бо мижаҳои баланди қаҳваранг дубора ба ҳам омаданд.
Ҳабдаҳ соат хобид! Як нафар бояд чанд шабонарўз бедорхобӣ бикашад, то баъдаш якшабонарўз сар аз болин барнадорад!? Вақте аз хоб сер шуд, дигарон ҳанўз дар зери пату ғунуда буданд. Ман хоби сабуке дорам, ҳатто аз нафаси ҳампаҳлўям бедор мешавам, ҳаракатҳои духтаракро бо гўшаи чашм таъқиб мекардам. Аз рахти хоб бархосту дастонашро бо ҳаловат каш дод, сипас дастмолро бардошт ва бо қадамҳои сабук аз ҳуҷра берун рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё