Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дили ман аз муҳаббат ба ў лабрез мешуд».

Сарвиноз – гуле дар миёни алафҳои ҳарз

«Рўзҳои умри ман дар ин марказ гўё бо суръати нур мегузашт, чеҳраҳо иваз мешуданд, қадимиҳо мерафтанду ҷадидҳо меомаданд, ман ҳатто фурсат намекардам онҳоро ба ёд бигирам. Намедонам он занҳо куҷо мерафтанд...
шояд ба хонаи ҳамсарони худ, ё хонаи хешу табор, ё мисли Садаф ҷойи кор меёфтанду хона иҷора мекарданд.

Бо Сарвиноз дар оғози ҳафтаи дуюми зиндагиам дар он паноҳгоҳ ошно шудам. Ўро баъд аз зуҳр ба утоқи мо интиқол доданд. Сураташ харошҳое дошт, аммо чашмонаш шабеҳи чашмони занҳои дигар ғамгину мукаддар набуд, моро ошкоро меомўхт, хеле ҷавон буд, бо ман ҳамсин менамуд.
Ўро дар тахти рў ба рўйи Суман ҷой доданд, нишасту муаддабона лабханд зад. Сумани абусу камҳарф лабханди духтаракро бо ахмҳои гирифта истиқбол кард.
Духтарак атрофро меомўхт, аммо нигоҳаш ағлаб дар мизи наҳори Суман гир мекард.
Ниҳоят сабраш сар омад.
– Апа, инҷо ғизо медиҳанд?
Суман сар бардошту бо тааҷҷуб ба ў нигоҳ кард, суолашро дуруст нашнида буд.
– Хеле гуруснаам, чанд рўз боз об ба даҳон накардам...
Суман мизро ба самти духтарак тела дод.
– Ман ба ин ғизоҳо даст назадам, бихўр, макаронпалав ҳоло сард нашудааст.
«Бемор»-и ҷадид ду дона қандро ба чой андохту ҳам зад, пирошкиро ду ҳисса кард, ним барои худ гирифт ва ними дигарро назди Суман гузошт.

пешина
аз 313
навбатӣ