Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Гоҳо танҳо овоз меандохт ва садои аз фарёдҳои бевақфа дурагааш гўшҳоро озор медод.
Хоҳаронаш низ хушгил буданд, аммо хуни онҳо бештар ба ақрабои падарӣ мекашид.
Зан солҳо боз бо ин хонавода робита надошт. Аз се духтари давру бари холаи марҳумаш, ду нафарро медонист. Духтари бузурги хола дар панҷсолагӣ ва духтари дуюмаш замоне ба дунё омад, ки ў ҳашт сол дошт. Гаҳвораи ҳардуро ҷунбондааст, аммо агар онҳоро тасодуфан дар хиёбон медид, бо вуҷуди шабоҳатҳои авлодӣ, баъид буд бишиносад. Дар гузори байни понздаҳ ба шонздаҳсолагӣ аз ин хона рафту дигар барнагашт, роҳи ин кўчаи борикро барои худ батамом хат кашид.
«Эй кош мешуд ҳодисоти нохушояндро аз зеҳн пок кард, мисли дандонҳои дардманд дона-дона кашиду берун андохт... Аммо намешавад, он хотирот маҷмўъи ҳиссу таассурот ва иртиботи отифӣ бо он рўйдодҳост, кофист бўйи шиносе ба машом бирасад, ё ком маззаи ошноеро бичашад... он гаҳ, ҳарончи аз ёд рафта буд, дубора зинда мешавад, мисле ки дирўз иттифоқ афтодааст...»
Ў чашм аз сурати хокистариву дамкардаи ҷасад бардошту ба атроф хира шуд. Хонаи замоне мураттабу ороста, сафову таровати гузаштаро надошт, ҳавзи нимахолӣ «ҷомаи ғук» ба тан карда буд, тахти гулҳои мурда ва лабҳои аз ташнагӣ ҷағидаи замин ҳокӣ аз ин буд, ки сокинони хона муддатҳост бо гулу гиёҳ алоқа надоштанд. Гаҷи девор фурў рехта, раддаи хиштҳои қадимиро монанди милки дандонҳои мариз урён мекард. Зоҳиран касе ними деворро ба шеваи ношиёна сафед карда буд, аммо ё ранг тамом шуд ё ҳавсалааш, ки сатили оҳакро бо чутка дар пойи девон андохта, корашро идома надодаст.
Даврони кўдакии пур аз шодиву сурур ва ҳомили як ояндаи пурнишоти зан дар ҳамин макон гузашт, инҷо барояш мисли кохи зебо ва ў шоҳдухтари афсонавӣ буд, ҳама нозашро мекашиданд ва ҳар хостааш бечунучаро иҷро мешуд, аммо ин афсона як рўз ба поён расид, ҳамон тавр ки тамоми афсонаҳо аз як ҷое ба поён мерасанд.

пешина
аз 313
навбатӣ