Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Зан дубора ба сурати мурда хира шуд. «Гуфта будам бимирад, мераваму рўйи тобуташ мерақсам, аммо ҳайҳот, аз қавл то амал фосилаест нопаймуданӣ!»
Духтари хидматгор як даста райҳону ҳулбў оварда, давру бари майит паҳн кард.
– Дар ин гармо ҷасад бў мегирад, то соати чаҳор як олам вақт аст.
Инро ҳамсояи паҳлўӣ гуфт, як зани миёнсол, ки биниву даҳонашро бо гўшаи шоли кабуд пўшида буд ва каламоташ ба сахтӣ фаҳмида мешуд. Чашмони аҷибе дошт, аз ҳадақа берун, гўё ҳамин ҳоло аз косаи сар ба берун ҷар мешаванд. Ў ашкҳояшро бо гўшаи шол рўфт ва бодиққат ба зан нигоҳ кард.
– Бо ин хонавода хешигарӣ доред?
– Не... фақат шинос будем...
Шабоҳати зан бо хонаводаи марҳум возеҳ буд, ҳамсоя инро медид, аммо «ҳмм» гуфту дигар чизе напурсид.
– Худораҳматӣ одами хубе буд, дасти сабук дошт, ду фарзандамро рўйи дастони ў ба дунё овардам. Парвардигор риштаи умри бандаашро бе азият канда кунад, духтур бисёр азоб кашид, дарун-дарун сўхту сиёҳ шуд. – Ашк аз чашмони баромадаи он зан монанди об аз ҷўйбори беҳоил сарозер шуд.
Зан ба нишони ҳамдилӣ сар такон дод. Қалбаш аз ин тасвир, ки хола дар оташи саратон сўхтаву мисли зуғол сиёҳ шудааст, наларзид, танҳо раъшаи сабуке дар баданаш мавҷ зад, шабеҳи ларзиши тани як раҳгузар аз дидани ҷасади леҳшудаи саге дар васати ҷодаи мошингузар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё