Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Ҷасад шабеҳи касе набуд, ки ў солҳо мешинохт, гўё мурдаи як одами ношинос буд. Магар мумкин аст, ки марг сурати инсонро ба ҳадди нашнохтанӣ тағйир бидиҳад? Хола дар ҷавонӣ ҳусне дошт сутуданӣ, чашмони бодомии бузург, бинии нозуки ба ҳама аҷзои сураташ созгор, лабони пурра, пўсте шабеҳи махмал нарму гулгун, ки нигоҳи марду зан дар кўчаву бозор дар он сурати зебо гир мекард.
Аммо зани васати айвон бо чашмони фурўрафта, бинии теғкашида, лабҳои фишурдаи нилӣ ва ранги зарди моил ба хокистар нишоне аз он холаи хушгил надошт. Гўшаҳои лабонаш ба шакле хам шуда буд, ки ингор аз иттифоқоти ба сараш омада шигифтзада шудааст.
Аз зери докаи даври сару гарданаш туррае аз мўйҳои печ дар печи хокистарӣ дида мешуд, ки дар он тани берўҳ ягона узви зинда ба назар меомад. Зан ўро солҳо надида буд, намедонист, мўйи хола ранги кофур гирифтааст.
Чеҳраи омосидааш ожанг надошт, пўсти таранги рўйи дуҳулро мемонд. Ў ҳамеша қади мутавассит дошт, аммо ҳоло ба дарозии як одами қоматбаланд ними айвонро пур мекард.
Дар ин сурати ноошно танҳо ҳамон холи бари рухсорашро шинохт, он нуқтаи сиёҳи баробар ба донаи адасро, ки акнун аз фарози гунааш поин афтода буд. Ў ин холро дар кўдакӣ ҳар бор аз сурати хола «меканд»-у ба сурати худ «мечаспонд». Як холи авлодӣ, ки ў ҳам дорад ва духтарҳои холааш низ. Бо ин тафовут, ки он хол дар чеҳраи насли ҷадид ҷой иваз кардааст, якеро дар ҷабин сабзидааст ва дигареро дар гўшаи лаб.
Духтари бузурги хола нусхаи модараш буд, ҳамон чашмони бодомии калон, ҳамон сурати зебо, гўё ин холаи ҷавон буд, ки дар сари ҷасади худ наҳва мекашид.
Ҳудудан 28 сол дошт, аммо ба назар бузургтар менамуд ва хаставу лакоту бадбахт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё