Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Занҳои таъзиягар дуртар аз ҷасад монанди гунҷишкҳои рўйи сими барқ боҳам ҷафс менишастанд ва гўшаи рўсарии худро рўйи даҳону димоғ кашида, мудом ба ҷаноза ва навҳагарон нигоҳ мекарданд.
– Биё Қаламнисо, инҷо бишин. – Кампири алангудор, хола Қаламро аз болои сари мурда дуртар нишонд ва бо овози шунаво гуфт:
– Паймонаи умр пур нашавад, инсон бо даҳ сактаи қалб ҳам зинда мемондаст, вой аз келини ман, ки дардаш ба як сол накашид. – Сипас овозашро баландтар кард ва ингор бо ношунавое ҳарф мезада бошад, пурсид:
– Чӣ ҳол дорӣ кампир, шунидам боз сакта кардӣ, хубӣ?
Хола Қалам бо тааҷҷуб ба кампири пурсанда нигоҳ кард, гўё ўро бори аввал медид.
– Ҳавосаш парт аст... Куҷо омадӣ охир, бишин дар хонаат, касе аз наомадани ту намеранҷад. – Пиразан бо нороҳатӣ аз хола рўй гардонд.
– Аз боло гузаред, меҳмон, ҳо дар он гўша як ҷойи холӣ аст, – духтари хизматгор занро ба сўйи айвон ташвиқ кард.
– Инҷо ҷойи хубе нест, бо ин омадурафт азият мешавед...
Рост мегуфт, дар ин ҳавлии пур аз ҷамъият, аз ҳар бархўрди ҷисмонӣ бо занҳои тозаворид, ё меҳмонони дар ҳоли рав, ба пушти арақолўди ў медамид. Қарор буд, танҳо барои чанд дақиқа биёяду рўйи сарди мурдаро бубинад, қарзи қадимиеро ба ў баргардонад, аммо натавонист. Як нерўйи берун аз ихтиёр ўро дар ин хона нигоҳ медошт. Ба думболи он духтарак аз зинаҳо баланд шуд, боло рафтан аз паллаҳои ошно барояш осон набуд, ҳар қадам раъшаеро ба думбол дошт.
Сурати марҳум аз ҷойи нишасти ў возеҳ дида мешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё