Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Масъулияташро анҷом дода буд ва дар ин утоқ дигар коре надошт, аммо матоеро аз ҷайб берун оварду гўё гарду ғубори рўйи телевизору ҷевонро мебардошт ва ҳар аз гоҳе дуздида ба ман нигоҳ мекард.
– Духтари шаҳри ё аз ҷое омадаӣ?
Чизе нагуфтам, мисли Нигор рў ба девор чархидаму болопўшро ба сарам кашидам. Ходим бесадо рафт, аммо бегоҳ вақте барои мо шом овард, на ба ман нигоҳ кард ва на ба Нигор, ғизоро бо тарақу туруқ рўйи миз гузошту хомўшона аз дар берун рафт.
Либосҳои тозаро бардоштаму дар такяи девор бо қадамҳои шумурда ва пойҳои бемадор ба сўйи ҳаммом рафтам. Шикамам гўё холӣ буд ва рўдае дар он вуҷуд надошт.
Ба маҳзи боз шудани дари ҳаммом чашмам ба ойинаи қаднамо афтод, пероҳани касифамро бо аҷала берун овардам. Вой, худамро нашинохтам! Лоғару рангпарида будам, шабеҳи одамони солҳо ранҷур. Шиками ҳамвор ва монанди шир сафеди ман тираву паҷмурда буд.
Аз ноф то зери шикам захме тўл мекашид, каҷукилеб ва бо бахияҳои ноҳамвор, гўё хола маро бо табар ҷарроҳӣ карда ва бо дирафш кўк зада буд. Чи чизе метавонист бадтар аз ин бошад? Худро бо кароҳат аз ойина канор кашидам...
Ҳаммоми паноҳгоҳ дар сардӣ аз хонаи матрукаи Садаф фарқ надошт. Сармо аз деворҳои кошӣ нашт мекард ва қатароти об аз лўлаву печҳои зангзада бо садои озордиҳанда ба замин мечакид. Чаҳор кобинаи бару дарозиаш каме бештар як метрро деворҳои начандон баланд аз ҳам ҷудо мекард. Занг печҳоро ончунон маҳкам ба лўлаҳо васл карда буд, ки наздик буд ангуштонамро бишканам. Печи лўлаи ғурфаи чаҳорумро ба сахтӣ боз кардам, риштаи борики оби ширгарм аз сўрохҳои нимабози душ ба сарам рехт, вале то расидан ба ронҳоям ба қатароти сард табдил шуд.

пешина
аз 313
навбатӣ