Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ҳамин ки Нозия бо дугонаҳояш аз хона берун мешуд, Вафои вафодор шабеҳи соя аз пасаш равон мегардид. Онҳо бо ҳам бисёр сўҳбат намекарданд, вале ҳамин ишқи безабон низ барои ин ҷавон ҳадяи Парвардигор менамуд. Дидори Нозия ба Вафо рўҳу илҳом, қувваю дармон мебахшид ва ҷавон худро савори саманди бахт тасаввур карда, бар баландиҳои қуллаҳои касногузари тахайюлоти рангину ширин парвоз мекард, худро дар оянда хушбахттарин инсони рўйи замин меҳисобид.
Баъди чандин маротиба рафтани волидайни Вафо ба хостгорӣ ба даргоҳи падари Нозия бо амри тақдири азалии Худованд тўю сур барпо гардид. Ошиқони чашминтизор як соли ҳаёти ширину рангини худро чун Лайлию Маҷнун гузарониданд. Дар сари сол аз зиндагонии якҷояи Нозияю Вафо тифли нозанини қавипайкари ситорагарме ба дунё омад ва ўро аз шодию хурсандӣ Нормурод ном ниҳоданд. Нор синоними оташ, гармӣ, меҳру вафо аст, ки муроди яккаю ягонаи падару модари кўдакро ифода мекард. Дар баробари ба олами ҳастӣ ворид шудани Нормурод, риштаи ишқу муҳаббати падару модари ҷавон боз ҳам мустаҳкаму устувортар шудан гирифт. Ин зиндагонии хушу хурсандона ҳамагӣ чор сол давом кард. Гўё дар ҷоми шарбати ширини васли ҳаёти ин ду ҷавони ошиқ заҳри чашми ҳасуде афтод, ки онро талх гардонид.

Вафо зи мардуми олам маҷў, ки бўйи вафо,
Дар ин замонаи пурмоҷаро намеояд.
Ҳазор марҳила дур рафта корвони умед,
Садои пайки диро з-он ба мо намеояд.
Абдулло Қодирӣ

Вафо дар Донишгоҳи ба номи М. Ломоносови шаҳри Москва, дар курси охири риштаи муҳандисӣ таълими илм мегирифт, ҳангоми таътили тобистонаю зимистона ба назди зану фарзандаш меомад.

пешина
аз 191
навбатӣ