Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ҳасудон ба Нозия ва падару модари ў хабарҳои бардурўғеро меоварданд. Гўё Вафо дар шаҳри Москва бо русдухтаре бо номи Тамара издивоҷи ғайрирасмӣ карда бошаду аз он зан духтарча ҳам дошта бошад. Ин бўҳтонҳои беасос рўз то рўз риштаи муҳаббати Нозияю Вафоро рахна карда, ба кандашавӣ наздик мекард. Вафо оиди бўҳтону фитна будани ин суханон дар назди зану падарарўсу модарарўсаш борҳо савганд ёд мекард. Онҳо ҳарду пойро дар як мўза андохта мегуфтанд: «– Не, ту хиёнат ба зану фарзандат кардӣ! Дигар ҳақ надорӣ зану фарзанд гўӣ!
Ҷавоби Нозияро деҳ! Ў бо ту зиндагонӣ кардан намехоҳад!».
Ин муаммову моҷарои сарбаста се моҳ давом кард.
Шаб, соатҳои тахминан 12:00 буд, ки тақ-тақи дарвозаи Вафо баланд шуд. Модари Вафо: «Во аҷабо! Дар ин нимашаб садо додани дарвоза хосияти хуб надорад», - гўён аз ҷой бархест ва ба тарафи дарвоза равон шуда, хитоб карда гуфт:
– Кистед? Тенҷӣ ҳаст? Шумо кистед дар ин нимашаб?
– Дарро кушо! Мо дўстони писарат ҳастем. Ба Вафо кори ниҳоят зарур дорем!
Кампири содда занҷири дарвозаро кушод. Яку якбора чор нафар ниқобпўш вориди ҳавлӣ гардида, бо паси даст кампирро ба як тараф тела доданд. Ҷавони ниқобпўши аз ҳама охир вориди ҳавлӣ шуда, овозашро дигаргун карда, оҳиста гуфт:
– Кампир, Вафо аз мо қарздор аст. Бо ў каме сўҳбат дорем. Баъд аз як-ду соат ўро соқу саломат бармегардонем. Агар ба ягон ҳамсоя ва ё милиса хабар диҳӣ, Вафоро дигар абадӣ намебинӣ! Фаҳмидӣ?!
Кампири бечора имшаб бо Вафо танҳо буд, писарони дигараш яке дар Федератсияи Русия ба мардикорӣ ва дигаре бо занаш ба хонаи модарарўсаш ба деҳаи Чорбоғ рафта буданд. Кампир гўё гунгу кару кўр шуда буд, ки чизеро намедиду намешунид. Ҳарчанд кўшиш мекард, ки садо баланд карда, аз ҳамсоягон имдод талаб кунад, наметавонист.

пешина
аз 191
навбатӣ