ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
АШКИ СЎЗОНИ ПАДАР
Рафт аз бари ман он бути худкома, чӣ суд?!
Дил кўфтану даридани ҷома, чӣ суд?!
Ман нома фиристодам, ки маро бар худ хон,
Чун ҳеҷ нахонд он санам нома, чӣ суд?!
Амир Хусрав
Нозияву Вафо аз даврони мактабхонӣ ошиқу шефтаи якдигар буданд. Аҷибаш он буд, ки ин муҳаббат дар ниҳоди ҳарду туғён дошт, вале ҳеҷ кадоме аз онҳо ҷуръати изҳор намудани меҳру муҳаббати самимии худро намекарданд.
Ҳамин тавр солҳои ҷавонӣ, яъне баҳори лолазори ишқу ошиқӣ сипарӣ мешуду айёми хатми мактабу занги камолот ҳам фаро расид. Дигар тобу тоқати махфӣ нигоҳ доштани шўълаи ишқи аввали ҷавонию ҷунуниро надоштанд. Вафои пастию баландӣ, талхиву ширинии ҳаётро надида, аз он метарсид, ки аз хомўшии вай истифода бурда, ҷавони дигаре маҳбубаашро ба хеш моил мекунад ва ё медуздад.
Рўзе Вафо Нозияро дар танҳоӣ дарёфта, бо як ҳаяҷони ҷавонию ногаҳонӣ розу ниёзи меҳру муҳаббати поки худро баён намуд.
– Бо ту зиёд гап намезанам, вале ваъда медиҳам, ки дар аҳду вафо устувор мемонам, ишқи дигареро ҳаргиз ва ҳеҷ гоҳ то охири ҳаётам қабул нахоҳам кард, – посух дод Нозия ва табассуми ширини дилтасхиркунанда намуда, ҷониби хонаашон бо шитоб равон гардид.
Ин ҷавоби духтар дар замири қалби Вафо тухми умеду орзуҳои ширинро кошт. Пас аз ин рўзи вохўрии ногаҳонии тақдирсозу ҳаяҷонбахшу хурсандиовар Вафо роҳи хонаашонро қариб буд, ки фаромўш кунад.
Дар назди хонаи Нозия мағозае буд. Вафо «элак баҳонаю дидор ғанимат», масофаи 3-4 километрро тай карда, дарёи каб-кабуди пуртуғёни Кофарниҳонро гузашта, барои харид ба ин мағоза меомад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё