Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

«Исмоили Сомонӣ – 1»-ро дар пеши бараш овезон карда гуфт:
– Собирзода Абўалии Сабур манфиати миллату ватанро аз манфиати шахсӣ боло гузоштааст. Офарин!
Сад офарин! Ватану миллат ба шумо барин наберагони шуҷоу далери Исмоили Сомонию Спитамен, Абўмуслими Хуросонию Темурмалики Хуҷандӣ ниёз дорад! Аз ақлу хирад, кордонию маҳорати Собирзода Абўалии Сабур ибрат гиред! Ҳазорон раҳмати Худованд бар бобою падаре, ки чунин набераю писарро ба дунё овардаанд!

Чунин буд, амри тақдири азалӣ, ки оқипадарзодагонро инсонҳои оқилу фозили сазовори эҳтироми бобою падар, миллату ватан гардонид. Нагўянд падар кист, гўянд ҳунарат чист?

Дониш талабу бузургӣ омўз,
То беҳ нигаранд рўзат аз рўз.

Илм мўъҷизаи Худованд, нерўдиҳандаи ақлу хирад, кушояндаи муаммоҳои сарбаста ва роҳнамои инсон ба сўйи қуллаҳои ниҳоят баланди орзую армонҳои ширини заминию кайҳонӣ мебошад. Зеро, ки аввалин ваҳйи (хабар, пайғом) фиристодаи Худованд ба воситаи Ҷабраили амин ба ҳабибаш ҳазрати Муҳаммад (с) хитоби «Иқраъ», яъне «Бихон!» буд. Баъдан ибодат барои инсон фарз (қарз) гардид. Ба воситаи илм инсон худ ва холиқаш (Офаридгор)-ро шинохт. Мартабаю хосияти илм буд, ки оқипадарзодагон инсонҳои комилу шоистаи эҳтироми волидону миллату ватан гардидаанд ва худу Худои хешро шинохтаанд.

пешина
аз 191
навбатӣ