Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Бигзор то бигирям чун абр дар баҳорон, К-аз санг нола хезад рўзи видои ёрон.
Бигзоштанд моро, дар дида оби ҳасрат, Гирён чу дар қиёмат, чашми гунаҳкорон.
Эй субҳи шабнишинон ҷонам ба тоқат омад, Азбаски дер омад, чун шоми рўзадорон!..
Ситорабону Донишгоҳи тиббии ба номи Абўалӣ ибни Синоро бо дипломи аъло хатм кард. Барои корҳои илмиаш дар давоми таҳсил ўро дар кафедраи дилшиносии донишгоҳ чун олими ҷавон ба кор қабул карданд. Ў баъди ду сол дар соҳаи рагу дилшиносӣ корҳои зиёди илмӣ бурд ва дар ин соҳа ба муваффақиятҳо ноил гардид.
Роҳҳои пешгирӣ ва табобати ишемияи дилро ба таври илмию назариявӣ нишон дода, исбот кард. Ў чун яке аз олимони намоёни соҳаи тиб дар ҷумҳурӣ ва берун аз он ном баровард ва сазовори ҷоизаи Президенти мамлакат гардид.

ТАНТАНАИ АДОЛАТ

Дар вохўрии Президенти кишвар бо кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот Абўалӣ дар сафи пеш менишаст.
Президент дар баромади худ гуфт:
– Агар ҳамаи кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот ба монанди корманди Прокуратураи генералӣ Собирзода Абўалии Сабур, ки дастпарвари мактаб-парваришгоҳ аст, кору фаъолият кунанд, ватану миллат аз хавфу хатари душманони дохилию хориҷӣ дар амон мемонад. Коре, ки ин бача барои ватану миллат кард, то ҳол касе накарда буд. Ў супоришу фармони Президенти кишварро иҷро кард. Бо кордонии ў якчанд шахсони тасодуфие, ки бо нияти баду дасти нопок дар сафҳои шумо – кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот бо роҳҳои гуногун ҷой гирифта буданд, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Абўалиро Президенти кишвар ба рутбаи генералмайор пешниҳод намуд ва бо дастони худ медали

пешина
аз 191
навбатӣ