Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар охир Дилшод савол дод:
– Чаро номатро аз Улуғбек ба Абўалӣ иваз кардӣ?
Сабаби иваз кардани номи Акмалро ба Улуғбек медонам.
Абўалӣ гуфт:
– Дар рагу пай, пўсту устухони ман хуни поки Ориёии эронитабори тоҷикӣ меҷўшад. Бояд исми ман ҳам тоҷикӣ бошад!
Дилшод:
– Офарин! Офарин, эй фарзанди беҳ аз падар! - гуфта бо даст се маротиба ба пушти Абўалӣ тап-тап зад.
Саҳари рўзи якшанбе Абўаливу Ситорабону ҳамроҳи Дилшод озими деҳаи Навобод шуданд. Аз ташрифи меҳмонон Ҳабибуллоҳу Муниса аз хурсандӣ гўё дар куртаашон намеғунҷиданд. Баъд аз меҳмоннавозӣ ҳамаашон ба зиёрати оромгоҳи бобои Собир рафтанд.
Аввал Абўалӣ сураи «Мулк»-ро хонда, савобашро ба рўҳи бобои аз дунё фонӣ чизе надидаи хору зори яккаву танҳо фавтидааш, Собир, бахшид. Баъд, атрофи оромгоҳро аз хасу хошок тоза карданд. Дар охир Абўалӣ ба амаки Ҳабибуллоҳ гуфт:
– Иншоаллоҳ, баъд аз як моҳ омада, оромгоҳи бобои азизамро дуруст карда, мақбара мебардорам.
Ҳамагон, роҳи деҳаи Қирғизонро пеш гирифта, бо роҳбаладии банда сари гўри кунҷакӣ, ки аз гўристони умумӣ 150 метр дуртар ҷойгир шуда буд, омаданд. Ман гуфтам:
– Офарин бар фарзанди оқилу комиле, ки васияти бобою падарашро ба ҷой меорад.
Оятеро чанд аз «Қуръон» тиловат намуда, ба рўҳи Сабури ормонӣ бахшидем. Худо Кариму Раҳим аст, шояд, ки гуноҳҳои содиркардаи Сабурро бахшида бошад.
Абўалию Ситорабону дар сари гўри падар гирёну нолон ғазали Шайхи бузург Саъдиро мехонданду навҳа мекарданд:

пешина
аз 191
навбатӣ